ҶУСТУҶӮИ АРХЕОЛОГӢ ДАР БАЛҶУВОН
Балҷувон, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», С. Холов). — Бо мақсади гузаронидани экспедитсияи илмӣ оид ба омӯзиши ёдгориҳои таърихии ноҳияи Балҷувон ҷӯстуҷӯ ва муайян намудани арзишҳои фарҳангӣ ва археологӣ таҳияи китоби таърихи Балҷувон, ҷустӯҷуҳои археологӣ дар моҳи июли соли 2007 ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва дар моҳҳои август-сентябри соли 2008 ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ дар қалъаи таърихии Балҷувон гузаронида шуд. Экспедитсияи илмӣ инчунин аз қалъаҳои Турк, Дектур ва Чорбоғ даври асри сангини деҳаҳои Шаҳиди Бобохону Файзобод дидан намуда, бозёфту маводҳо ҷамъоварӣ намуда барои таҳлил ва омӯзиш ба АИ ҶТ супориданд. Вобаста ба ин мавзӯъ қисми аввали китоби «Таърихи мухтасари Балҷувон» аз тарафи Достӣ Шарифов нашр гаштааст ва қисми дуюми китоб омодаи нашр мебошад. Инчунин китобҳои «Навои куҳанро навӣ»-и Холмаҳмад Мавлонов, «Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ»-и Муҳаммади Шоҳ, «Фасонаҳои Балҷувон»-и Абдурафеъ Рабизода ва «Шукуфаҳои Балҷувон»-и Шарофат Атоева нашр гардиданд. Барои ворид намудани ёдгориҳои фарҳангию табиии ноҳия ба руйхати мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО санадҳои зарурӣ ба коршиносони ЮНЕСКО дар Тоҷикистон пешниҳод гардид.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






