ӮЗБЕКИСТОН ИНТИҚОЛИ ГАЗРО БА ТОҶИКИСТОН КАМ КАРД
Душанбе, 14 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Ӯзбекистон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон 50 фоиз кам кард. Сабаби ин иқдом қарзи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктрансгаз» аз ширкати «Ӯзтрансгаз» мебошад. Директори генералии КВД «Тоҷиктрансгаз» Саидмаҳмад Шарофиддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки Тоҷикистон айни ҳол барои истифодаи гази табиӣ аз Ӯзбекистон 16 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Қайд карда шуд, ки айни ҳол аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҳар соат тақрибан 30 ҳазор метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад. Гази мазкур барои таъмини эҳтиёҷоти як қисми аҳолӣ ва корхонаҳои калонтарини мамлакат — Ширкати алюминии Тоҷикистон, «Тоҷиксемент» ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе сарф мегардад. Директори генералии «Тоҷиктрансгаз» зикр намуд, ки масъалаи додани қарзи Ӯзбекистон дар сатҳи ҳукумат баррасӣ карда мешавад. С.Шарофиддинов изҳори умед кард, ки қарзи Ӯзбекистон рӯзҳои наздик пардохта хоҳад шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






