180 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, бо мақсади рушди соҳаи аграрӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ 180 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Хоҷагиҳое, ки соли гузашта аз ҳар гектар на камтар аз 20 сентнерӣ ҳосили пахта рӯёнида буданд, аз ин маблағ тавассути бонкҳо дар соли ҷорӣ истифода хоҳанд кард. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ассотсиатсияҳое, ки маблағҳои қарзиашонро тибқи шакли нави маблағгузории бонкӣ пардохт накардаанд аз гирифтани ин маблағ дар соли 2009 маҳрум карда мешаванд. Маблағи мазкур тавассути бонкҳо дар асоси тақсимоти Вазорати кишоварзӣ ба хоҷагиҳо дода мешавад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






