2009 — СОЛИ ҶАВОНОН ЭЪЛОН ГАРДИД
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре ба АМИТ «Ховар» сармуттахасиси бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Ҷалолиддин Нуров хабар дод, бо мақсади ташкил додани шуғли меҳнатии муваққатии ҷавонони донишҷӯ ҷаласаи навбатии шӯрои кор бо ҷавонони назди кумитаи иҷроияи узви иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор мегардад. Муовини аввали раиси кумита Кабирҷон Ҷураев барои иштирок дар он ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуд. Бояд қайд намуд, ки тибқи нақшаи кории шӯрои кор бо ҷавонон, соли 2009 соли ҷавонони иттиҳоди давлатҳои мустақил эълон гардида буд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






