21 ФЕВРАЛ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ
Коберидзе: «350 ибора тоҷикону гурҷиҳоро қарин гардонидааст» Душанбе, 21 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳамасола 21 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ҳанӯз 10 сол муқаддам, аниқтараш 21 феврали соли 1999 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул кард, ки тибқи он ҳар сол дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил мегардад. Дар робита ба ин сана дар Душанбе таҳти унвони «Нақши Абӯабдулло Рӯдакӣ дар рушди забони модарӣ ва адабиёт» конфронси илмӣ баргузор гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ бо ибтикори Комиссияи миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва намояндагони ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон ташкил карда шуд. Иштирокчиёни конфронси илмӣ директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Кароматулло Олимов, Раиси ҷамъияти «Пайванд» Исомиддин Салоҳиддинов, раиси ҷамъиятҳои миллии кореягиҳо Виктор Ким, гурҷиҳо Шалва Коберидзе ва дигар намояндагони ақалиятҳои миллӣ роҷеъ ба нақши устод Абӯабдулло Рӯдакӣ дар ташакули забон ва адабиёти халқҳои ҷаҳон ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки бо гузашти беш аз 1000 сол осори Одамушшуарро Абуабдулло Рӯдакӣ арзиш ва асолати беназири худро гум накардааст. Осори оламшумули шоири тавонои тоҷик дар густариши забон ва адабиёти халқҳои гуногуни ҷаҳон нақши бузург дорад. Ба андешаи роҳбари ҷамъияти гурҷиҳои Тоҷикистон Шалва Коберидзе ашъори нотакрор ва ҷаззоби Рӯдакӣ дар рушди адабиёти халқи гурҷӣ низ таъсири ҷиддӣ гузоштааст. Ин аст, ки ашъори Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Шота Руставели мисоли барҷастаи рушди тамаддунҳои халқҳои ҷаҳон, бахусус тоҷику гурҷиҳо мебошад. Шалва Коберидзе мегӯяд, ки беш аз 350 ибора вуҷуд дорад, ки халқҳои тоҷику гурҷӣ аз он истифода менамоянд. Он ифодагари таъсири ашъори безаволи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ ба дигар адабиёти халқҳои ҷаҳон аст. Дар анҷоми конфронс насли навраси ақалиятҳои миллии муқими Тоҷикистон бо забони модариашон аз ашъори безаволи Одамушшуарро Абӯабдулло Рӯдакӣ порчаҳои шеърӣ қироат карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






