3,5 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР ДАВЛАТИ ФИНЛЯНДИЯ
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сокини кӯчаи Яккачинор 144/1-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт Баҳодур Олимови 27-сола ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза муроҷиат намуда, шикоят кард, ки сокини кӯчаи И.Сомонии ноҳияи Сомонӣ Мирзо Абдураҳмонов бо роҳи фиреб аз ӯ 3 ҳазору 500 доллари ИМА-ро гирифта бар нагардонидааст. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки моҳи июли соли 2008 М.Абдураҳмонов бо роҳи фиреб ба боварии Б.Олимов даромада, дар хиёбони Рӯдакӣ дар назди меҳмонхонаи Авесто бо мақсади тайёр намудани ҳуҷҷат барои равона кардани таҳсил ба давлати Финляндия аз ӯ 3 ҳазору 500 доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол на ҳуҷҷат тайёр кардасту ва на маблағи гирифтаашро бар гардонидааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






