«АМОНАТБОНК» НАФАҚАГИРИ НАФАҚАХӮРОН
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар татбиқи босамари сиёсати давлатии нафақа, фаъолияти Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҷойи аввал меистад. Ба буҷаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 479 млн. 437,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки он баробари 107,7 фоизи нақшаи солона мебошад Ба бонки давлатии «Амонатбонк» то 1-уми январи соли 2009 дар асоси санадҳои воқеан пардохташудаи нафақаи ҷорӣ аз ҳисоби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба андозаи 3 миллиону 577,3 ҳазор сомонӣ барои ба нафақахӯрон пардохтани пули нафақаашон маблағ гузаронида шуд, ки он ҷуброни хароҷоти хизматрасонии муассисаҳои «Амонатбонк» номида мешавад. Ин маънии онро дорад, ки «Амонатбонк» меросхӯри нафақахӯрон буда, дар ҳаққи ҳалоли онҳо, ки аз ҳисоби корхонаю ташкилотҳо ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ гузаронида мешавад, худро шарик медонад ва ин дар асоси «қонун»-и хизматрасонии бонкӣ танзим шудааст. Агар «Амонатбонк» метавонист ин ҷубронро аз ҳисоби даҳҳо «оператсия»-ҳои дигар ба даст оварда, маблағи нафақаро ба соҳибонашон, ки ба тарзи амонат ба бонк интиқол дода шудааст, пурра пардохт мекард, чӣ савобе мешуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






