АРЗИШИ ДОЛЛАР НИСБАТ БА ПУЛИ МИЛЛӢ БАЛАНД МЕШАВАД

Февраль 5, 2009 11:08

                     Душанбе, 5 феврал. АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Тоҷикистон рӯзҳои охир арзиши пули миллӣ нисбати пулҳои хориҷӣ, хусусан доллари ИМА хеле паст гардид. Имрӯз як доллари ИМА ба 3 сомонию 90 дирам баробар шудааст. Мухбири АМИТ «Ховар» аз мутахассисони Бонки миллии ҷумҳурӣ хоҳиш намуд, ки сабабҳои ин вазъиятро шарҳ диҳанд.                     Қайд карда шуд, ки болоравии арзиши доллар нисбат ба сомонӣ ба афзудани талабот ба пули хориҷӣ вобаста мебошад. Инчунин, хабарҳои воҳимаангез дар бораи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва бар асари он болоравии арзиши доллари ИМА ин вазъиятро пуршиддат мегардонанд. Дар заминаи натиҷаҳои нисбатан устувори макроиқтисодии мамлакати мо чунин болоравии арзиши доллар асоси воқеӣ надорад. Ҳол он ки бо назардошти вазъияти тавозуни тиҷорат ва тағйироти мавсимии талаботи бозор, хусусан дар мамлакатҳои минтақа нисбатан паст шудани қурби сомонӣ дар натиҷаи рӯйдодҳои охирин имконпазир мебошад.                    Бояд гуфт, ки аҳолӣ аз овозаҳои беасос хулосаи нодуруст бароварда, маблағи зиёди пулро захира намуда, ниҳояти кор зарари калон дида метавонад. Зеро вазъияти ба амал омада хусусияти муваққатӣ дорад.                     Бонки миллӣ вазъияти бозори дохилию берунии хариду фурӯши пулро муттасил назорат карда, ҳамаи воситаҳои мавҷударо истифода мебарад, ки қурби пули миллӣ устувор нигоҳ дошта шавад. Бонк аз миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта сар карда, маблағи зиёди пули хориҷиро ба фурӯш баровард. Ҳоло ҳар рӯз аз як то яку ним миллион доллари ИМА фурӯхта мешавад.                    Бонки миллӣ барои таъмини устувории қурби пули миллӣ маблағи кифоя дорад. Инчунин, бо баъзе созмонҳои байналхалқии молиявӣ мувофиқа карда шудааст, ки дар мавриди зарурат барои таъмини эҳтиёҷоти мо маблағ ҷудо хоҳанд кард.  

Февраль 5, 2009 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад