АСАРҲОИ АДИБОНИ КЛАССИКИИ ТОҶИК БА ЗАБОНИ ХАЛҚҲОИ ҶАҲОН Т
Душанбе, 20 феврал. АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Ноширони Тоҷикистон бо нашриётҳои адабиёти бадеии ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Белорусия созишномаҳои хамкорӣ имзо намуданд. Сардори раёсати нашриёт ва полиграфияи вазорати фарҳанг Мирзобадал Бадалов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки намояндагони Тоҷикистон аз 11 то 15 феврали соли равон дар Минск дар намоишгоҳи 16 — уми байналхалқии китоб ширкат варзиданд. Қайд карда шуд, ки асарҳои панҷ нашриёти Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ сазовори дипломҳо гардиданд. Мо дар намоишгоҳи мазкур ширкат варзида, дар бобати рушди соҳаи нашри китоб таҷрибаи калон омӯхтем. Мо бояд асарҳои адибони классикии худро ба забонҳои халқҳои ҷаҳон бештар тарҷума кунем. Ин дар бобати муаррифии забон ва адабиёти тоҷик нақши муҳим мебозад, гуфт М.Бадалов.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






