АВРУПО СУХАНИ РОҲБАРИ ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛРО ПАЗИРУФТ

Февраль 20, 2009 15:33

               Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар парлумони Аврупо бо чапакзаниҳои бардавом анҷом ёфт. Вакилони  парлумони Аврупо киро истиқбол намуданд ? Меҳмони навбатии воломақом ё президенти мустақили мамлакати соҳибихтиёрро ?               Зафар Абдуллоев,               Душанбе — Иттиҳоди Аврупо.              Идеологи низоми навтарини идораи давлатии Русия Владислав Сурков (ёвари В.Путин дар давраи президентиаш) дар вақташ истилоҳи нави сиёсии «демократияи соҳибихтиёр» — ро дар воситаҳои ахбори оммавӣ ҷорӣ карда буд. Бо ҳамин хусусияти хоси пешрафти Русия дар асри 21 ифода карда мешуд.             Демократияи соҳибихтиёр эътирофи арзишҳои умумии демократиро аз тарафи давлат бо баъзе ҷузъиёти ислоҳот мувофиқи мафкураи маҳаллӣ, манфиатҳои миллӣ ва мавқеи геополитикии мамлакат дар миқёси ҷаҳон ифода менамояд.               Ба ақидаи ман, мо низ бояд ибораи нави «роҳбари соҳибихтиёр» — ро истифода барем, ки ба сиёсати нави Президент Эмомалӣ Раҳмон ва торафт афзудани обрӯю эътибори он дар арсаи ҷаҳон дахл дорад. Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба мамлакатҳои соҳили Балтика ва Белгия чунин мустақилият ва соҳибихтиёриро дар баёни ақидаҳо ва ҳифзи принсипҳои худ нишон дод.               Мамлакатҳои соҳили Балтика ба мо чӣ лозиманд ?              Бояд гуфт, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакатҳои соҳили Балтика бори аввал сафар кард. Ман ин сафарро як навъ ғайричашмдошт мешуморам, зеро мавқеи геополитикии Тоҷикистон ва мамлакатҳои соҳили Балтика аз ҳамдигар фарқи калон доранд.              Мо дар минтақаи Осиёи Марказӣ зиндагӣ карда, бештар ба давлатҳои ҷануб ва Русия майл мекунем, мамлакати мо аъзои созмонҳои минтақавии ИДМ, СААД ва СҲШ мебошад. Вале мамлакатҳои соҳили Балтика дар наздикии нимҷазираи Скандинавия воқеъ буда, ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО ҳусни таваҷҷӯҳ доранд. Дар назари аввал чунин менамояд, ки мо бо ин мамлакатҳо ягон муносибати умумӣ дошта наметавонем.              Вале сафари Президенти ҷумҳурии мо Эмомалӣ Раҳмон ба ин мамлакатҳо бар акси ин гуфтаҳоро нишон дод. Латвияю Литва ва Эстония мисли Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат ва шумораи аҳолӣ он қадар калон набуда, аз бисёр ҷиҳат ба Русия вобаста мебошанд. Онҳо, масалан гази табиӣ ва барқро аз Русия мегиранд. Бинобар ин маҷбуранд, ки ҳамеша бо Кремл сару кор дошта бошанд. Ҳам онҳо ва ҳам мо барои муҳофизати мустақилияту соҳибихтиёрии худ кӯшиш ба харҷ дода, дар шароити рақобати шадиди иқтисодии ҷаҳонӣ зиндагӣ ба сар мебарем.              Бешубҳа, сафари ҳайати Тоҷикистон ба мамлакатҳои соҳили Балтика ба хар ду ҷониб манфиати калон дошт. Тоҷикистон мамлакатҳои соҳили Балтикаро ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо ва НАТО эътироф намуд. Президенти Тоҷикистон зимни иштирокаш дар мулоқотҳои тоҷирону соҳибкорони дар ҳамаи ин мамлакатҳо баргузоргардида мароқи калони Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ бо мамлакатҳои соҳили Балтика таъкид намуд.               Ин сафар ба Тоҷикистон ҳам манфиати калон дошт. Ба туфайли он, пеш аз ҳама масъалаи кушодани роҳи нави транзитӣ барои ҳамлу нақли молҳои сохти Тоҷикистон ба Аврупо, дар навбати аввал нахи пахта ва алюминий ҳал карда шуд. Ҳамаи ҷумҳуриҳои соҳили Балтика изҳор намуданд, ки тайёранд, дар ин масъала бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.               Мамлакатҳои соҳили Балтика розӣ шуданд, ки нархи транзити молҳои Тҷикистонро тавассути бандарҳояшон бештар аз 30 фоиз арзон кунанд, ин ба корхонаҳои давлатӣ имкон медиҳад, ки ҳар сол камаш аз 10 то 15 миллион доллари ИМА — ро сарфа намоянд.               Баъдан, ин сафар ба рушди соҳаи туризм мусоидат намуд. Мо ҳанӯз аз даврони шӯравӣ истироҳатгоҳҳо ва фароғатгоҳҳои Юрмалаи Латвия, Палангаи Литва, Таллин ва Пярнуи Эстонияро дар хотир дорем. Бо мурури солҳо ин истироҳатгоҳҳо бо сабаби набудани роҳи мустақим ва ба минтақаи Шенген шомил гардидани ин ҷумҳуриҳо аз хотирҳо фаромӯш шуданд.               Ин проблема акнун тадриҷан ҳал карда мешавад. Сарони ҳукуматҳои Латвия ва Тоҷикистон дар бораи кушодани хати мустақими парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар дар байни шаҳрҳои Душанбе ва Рига паймон карданд. Ин имкон медиҳад, ки аз Тоҷикистон ба Аврупо ва Скандинавия роҳи нав кушода, сайёҳони хориҷӣ ба мамлакати мо бештар ҷалб карда шаванд.                 Намояндагони Латвия ва Литва зимни мулоқотҳо ба имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи туризм мароқ зоҳир намуда, зикр карданд, ки бисёр қуллаҳои кӯҳистони Помирро кӯҳнавардони онҳо фатҳ намуданд.                 Дар баробари ин, таъкид кардан лозим аст, ки мамлакатҳои соҳили Балтика аъзоёни фаъоли Иттиҳоди Аврупо ва НАТО мебошанд ва Тоҷикистонро дастгирӣ намудани онҳо зимни муҳокимаи масъалаҳои ба мамлакати мо марбутбуда хеле муҳим аст.                 Мо ба дастгирии ин мамлакатҳо аз бисёр ҷиҳат умед баста метавонем, зеро ба онҳо ягон даъво надорем, онҳо ҳам ҳатто дар замони ҳокимияти шӯравӣ тоҷиконро мисли халқҳои дигар ҳамчун миллати баробарҳуқуқ эътироф мекарданд.                Бинобар ин, онҳо бо вуҷуди мақоми сазовор надоштани забони русӣ зимни мубошираташон, истифодаи ин забонро аз тарафи тоҷикон ва миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ нодида мегирифтанд. Ин дафъа ҳам, вақте ки Президенти Тоҷикистон ва баъзе аъзои ҳайати ҷумҳурии мо ақидаҳои худро баъзан ба забони русӣ ифода мекарданд, ягон норозигӣ баён карда нашуд. Аҷибаш ҳамин аст, ки баъзе сайтҳои интернетии Русия ба ин сарфаҳм нарафта, сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба кишварҳои соҳили Балтика ҳадафи танқид қарор доданд. Дар ин масъала онҳоро фаҳмидан душвор аст, зеро онҳо ҳатто забони худро эҳтиром намекунанд.                Сафари бебарор ё ҳангомаи Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссел                Барномаи сафари ҳайати Тоҷикистон ба пойтахти Белгия хеле гуногунранг ва пурмӯҳтаво буд. Президент Э.Раҳмон дар давоми ду рӯз фурсат ёфта, бо раиси Иттиҳоди Аврупо Ҷозе Мануэл Баррозу, роҳбари Шӯрои Аврупо Хавер Солана, сарвазири Белгия Ҳерман Ван Ромпей, муншии умумии НАТО Яаап де Хооп Схеффер, раис ва вакилони парлумони Аврупо, муншии умумии Созмони энергетикӣ Андре Мерниё ва роҳбари Бонки сармоягузории Аврупо Филипп Мейштад мулоқотҳо анҷом дода, инчунин дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон дар ин мамлакат ширкат варзид.                Ба туфайли ин мулоқотҳо, Иттиҳоди Аврупо илова ба барномаҳои пешинаи кӯмак ба Тоҷикистон барои кам кардани зарари бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дастгирии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба таври илова 34 миллион евро ҷудо кард.                Дар натиҷаи ин мулоқотҳо бори аввал дар таърихи муносибатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи оғози ҳамкории Бонки сармоягузории Аврупо ва Тоҷикистон барои рушди соҳаи энергетика дар мамлакат созишнома имзо шуд. Мувофиқи он, баъди ба мамлакати мо омадани ҳайати бонки мазкур ва имзои ҳуҷҷатҳои нави ҳамкорӣ барои сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқӣ дар Тоҷикистон 50 миллион евро ва аз ин ҳам бештар маблағ ҷудо карда хоҳад шуд.                Имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Бонки сармоягузории Аврупо яке аз натиҷаҳои муҳимтарини сафар ба Аврупо мебошад. Бонки мазкур дар оянда яке аз шарикони калонтарини Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Аврупо гардида метавонад. Ҳаминро мисол овардан кофист, ки Бонки сармоягузории Аврупо соли 2008 ба маблағи 47 миллиард евро созишнома имзо кардааст. Аз ин маблағ қариб 7 миллиард евро ба мамлакатҳое дода шудааст, ки узви Иттиҳоди Аврупо намебошанд.                 Дар Белгия мисли мамлакатҳои соҳили Балтика дар бораи ҳифзи мутақобалаи сармоягузорӣ ва сарфи назар кардани андозгирии дубора созишномаҳо имзо шуданд. Итиҳоди Аврупо ният дорад, ки ба Тоҷикистон дар оянда ҳам барои мустаҳкамтар сохтани сарҳадҳо ва низоми амният кӯмак расонад.                Инчунин ояндаи наздик дар Душанбе Маркази НАТО кушода мешавад. Ин шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо НАТО тавассути барномаи «Шарокат барои сулҳ» аҳамияти калон медиҳад. НАТО ба марзбонони тоҷик ва маркази безарар гардондани минаҳо дар Тоҷикистон кӯмаки техникӣ хоҳад расонд.                Роҳбарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи шаҳри Гент дар бораи ҳамкорӣ меморандум имзо карданд. Ин имкон медиҳад, ки олимону омӯзгорони ин мактабҳои олӣ ба мамлакатҳои ҳамдигар сафар кунанд ва донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба мактабҳои олии Белгия фиристода шаванд. Чунин меморандуми ҳамкорӣ дар байни Маркази тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва шаҳри Брюссел ба имзо расиданд.                Ҳамаи ин созишномаҳо хеле муҳиманд. Зеро роҳҳои нави ҳамкории Тоҷикистонро бо мамлакатҳои Аврупо мекушоянд.                Ин як навъ ҷавоби хубест ба даъвоҳои масхараомези баъзе воситаҳои ахбори оммавии Русия, ки қалб аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ба мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СААД ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва баъди он дар саҳифапҳои матбуот чоп карда шуданд. Яке аз сайтҳои ҳукуматӣ дар як мақолаи худ ҳатто ибораи таҳқиромези «карами Брюссел» — ро истифода бурд, ки бефоида ва беҳуда будани сафари Президенти Тоҷикистонро ба мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ мекард. Бар акси ин даъвоҳо сафари Э.Раҳмон ба Брюссел на танҳо бо муваффақият анҷом ёфт, балки ҳангомаи ҳақиқӣ ба амал овард. Вакилони парлумони Аврупо баъди анҷоми суханронии Президенти Тоҷикистон ва ҷавоби ӯ ба саволҳои сершумори вакилон бе ишораи ягон нафар аз ҷо бархоста, дуру дароз чапакзанӣ карданд.                Дуруст аст, ки Президенти Тоҷикистон зимни сафар ба мамлакатҳои Аврупо чизи наверо кашф накард. Вай зимни мулоқотҳо ва сӯҳбатҳояш такрор ба такрор дар бораи дастовардҳои охирини иқтисодиёт ва сиёсати дохилии мамлакат, дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ, дар бораи ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ, эълони озмуни байналхалқӣ дар бораи мавриди истифода қарор додани кони калонтарини нуқраи ҷаҳон — Кони Мансур, бӯҳрони энергетикӣ, проблемаи ҷаҳонии паҳн гардидани маводи нашъадор аз Афғонистон сухан ронд, ки бори гарони мубориза ба муқобили он ба зиммаи Тоҷикистон гузошта шудааст.                Президенти Тоҷикистон дар парлумони Аврупо қотеъона ва боварибахш сухан ронд. Вай қисми зиёди андешаҳояшро бе қоғаз баён намуда, аз имову ишора шарм намекард ва ҳатто вақте сухан дар бораи Эрон рафт, бо ишораи ангушт ба вакилони парлумони Аврупо таҳдид намуд. Яке аз иштирокчиёни мулоқот дар бораи муносибатҳои Тоҷикистон бо Эрон пурсон шуда, савол дод, ки бо ин мамлакат чӣ бояд кард. Э.Раҳмон дар ҷавоб изҳор намуд, ки «халқи Эрон халқи қадимӣ буда, таъриху фарҳанги бисёрасра дорад. Имрӯз дар ин мамлакат илму техника тараққӣ кардааст, халқ дар атрофи роҳбаронаш муттаҳид гардидааст. Эрон барои Шумо Ироқ ё Афғонистон нест, Шумо дар ин мамлакат бо роҳи зӯрӣ ба чизе ноил гардида наметавонед. Дар акси ҳол аз ҳама пеш Аврупо зарари калон мебинад, Шумо инро хуб медонед. Такроран таъкид мекунам, ки бо ин мамлакат танҳо бо роҳи гуфтушуниди мусолиматомез сару кор доштан мумкин аст, гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Вай ҳамчунин роҷеъ ба проблемаҳои паҳн гардидани маводи нашъадор аз Афғонистон бо эҳсосоти баланд сухан ронд.                Ҳаҷми истеҳсоли маводи нашъадор дар Афғонистон баъди оғози амалиёти зиддитеррористии ИМА ва иттифоқчиёнаш на танҳо кам нашуд, балки бар акс қариб 4 баробар афзуд. Тоҷикистон дар сари роҳи қочоқ ва интиқоли маводи нашъадори Афғонистон, аз ҷумла, героин қарор дорад ва то ҳадди имкон онҳоро мусодира мекунад.                «Мо ҳар сол дар минтақаи сарҳад аз 50 то 60 тонна маводи нашъадорро мусодира мекунем. Андеша кунед, ки ин рақами хеле калон аст ва танҳо як қисми моддаи нашъадори Афғонистон мебошад, ки ба Аврупо ва баъзе мамлакатҳои собиқи шӯравӣ фиристода мешавад. Лутфан, бигӯед, ки Шумо барои мусодираи қисмати ночизи маводи нашъадор дар мамлакатҳоятон, гузаронидани амалиёти махсус ва табобати беморони нашъаманд чанд миллион евро сарф мекунед. Оё беҳтар нест, ки ин маблағ барои бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъадор бевосита дар хати сарҳади Афғонистон сарф карда шавад ?», — изҳор намуд Эмомалӣ Раҳмон.                Дар омади гап гуфтан лозим аст, ки зимни сафар ба Президент чандин маротиба як чавол дода мешуд: «Мавқеи ӯ дар масъалаи бастани пойгоҳи Амрико дар майдони ҳавоии «Манас» — и Қирғизистон чӣ гуна аст ва оё Тоҷикистон баъди ин барои кашондани лавозимоти ғайриҳарбии НАТО тавассути қаламрави худ иҷозат медиҳад ?»Ҷавоби Э.Раҳмон мусоҳибонашро комилан ба ҳайрат андохт: «Мо аз рӯзҳои аввали амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон ҳамаи мамлакатҳои эътилофӣ, аз ҷумла, НАТО — ро дастгирӣ намуда, ба онҳо иҷозат додем, ки лавозимоти худро тавассути қаламрави мамлакат бо нақлиёти ҳавоӣ ва заминӣ интиқол диҳанд. Мо ба ивази ин чизе хоҳиш накардем ва имрӯз ҳам ба онҳо кӯмак мерасонем».               Вай ба аврупоиён хотиррасон кард, ки ҷузъу томҳои НАТО, аз ҷумла, қисми низомии Фаронса чанд сол боз дар майдони ҳавоии пойтахти Тоҷикистон ҷой дода шудааст. ИМА ба қарибӣ хоҳиш кард, ки ҳаҷми интиқоли лавозимоти ғайриҳарбии тиҷоратӣ зиёд карда шавад ва мо ба ин розӣ шудем. Агар дар масъалаи ҳамкории ҳарбӣ пешниҳод ба миён гузошта шавад, мо ин масъаларо баррасӣ хоҳем кард. Чунин изҳори ақида дар масъалаҳои ҳарбӣ дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ қобили қайд мебошад.               Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бастани пойгоҳи низомӣ дар Қирғизистон ин ба салоҳияти давлатҳои соҳибихтиёре дахл дорад, ки дар ин масъала созишномаи дахлдор имзо кардаанд. Дар ин бобат ҳаминро илова кардан мумкин аст, ки ҳамаи ҳавопаймоҳои аз майдони ҳавоии Манас барин пойгоҳҳои низомӣ парвозкунанда аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон истифода мебаранд. Агар тоҷикон ба ин иҷозат надиҳанд, ҳамаи ин пойгоҳҳо ба бозичаи дасти бачагон табдил меёбанд.                 Шуҷоати сиёсии Президент                Имрӯз анъана шудааст, ки баъди хар сафари Президент ба онҳо ҳамду сано хонда, махсус шуморида, даъво карда шавад, ки «роҳи Тоҷикистонро ба Аврупо кушод» ва ғайра. Оё сафари Президенти Тоҷикистон ба мамлакатҳои Аврупо аҳамияти махсус дошт ? Ман ақидаи Шуморо намедонам, вале ба ақидаи ман ин сафар барои Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад !               Зеро мо дар натиҷаи ин сафар Аврупоро кашф накарда, балки бо сифатҳои нави Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти давлати мустақилу соҳибихтиёр шинос гардидем. Э.Раҳмон дар ҷараёни сафар сифатҳои кордонии худро ҳамчун сардори давлате зоҳир намуд, ки мамлакати худро дар ҳақиқат мустақилу соҳибихтиёр гардонда метавонад.                Мо шоҳид будем, ки Президент дар мамлакатҳои соҳили Балтика аз суханронӣ ба забони русӣ истиҳола намекард, ҳол он ки ин дар сатҳи давлатӣ амалан ғайримкон мебошад. Мо ҳароси ӯро зимни суханронӣ дар минбарҳои баланди Аврупо мушоҳида накардем. Сардори давлат дар ин ҷо ба мушкилоти муносибатҳои Тоҷикистону Русия дахл накарда, зикр намуд, ки сафари ӯ ба ин проблемаҳо марбут намебошад. Дар муколамаи нобаробар бо Кремл ба ӯ иттифоқчиёни иловагӣ лозим нестанд.                Вай зимни мулоқоту сӯҳбатҳояш роҷеъ ба масъалаҳое сухан ронд, ки ба давлатҳои ғарб умуман маъқул шуда наметавонанд. Вай аз ҷумла, ба амрикоиён ва НАТО ишора кард, ки вазъияти Афғонистонро таҳти назорат гирифта наметавонанд ва маълум нест, ки онҳо дар давоми солҳои охир дар ин мамлакат ба чӣ ноил гардиданд.Президент инчунин Эронро кушоду равшан дастгирӣ намуда, баъзе вакилони рӯҳияи моҷароҷӯёна доштаи парлумони Аврупоро моту маҳбут сохт. Вай изҳор намуд, ки ҳамкории низомӣ бо ИМА имконпазир мебошад. Президенти Тоҷикистон аз он изҳори ташвиш нанамуд, ки Кремл ба ин суханонаш чӣ гуна вокуниш нишон медиҳад.               Вақте, ки Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи уран сухан ронд, шояд баъзеҳо ба тааҷҷуб афтода бошанд. Дар яке аз мулоқотҳо бо соҳибкорону тоҷирон изҳор карда шуд, ки Тоҷикистон урани худро ба баъзе мамлакатҳои Аврупо фурӯхта метавонад. Ин дар сатҳи имрӯзаи геополитикӣ изҳороти нав мебошад.               Мо шоҳид будем, ки Президенти соҳибихтиёри Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна рӯз то рӯз фаъолтар мегардад ва ин аз бисёр ҷиҳат мақбули дигарон аст. Соҳибихтиёрӣ дар навбати аввал ба мустақилияти дохилӣ вобаста аст, ки сарчашмаи он аз — президенти қаторӣ сар карда, то шаҳрванди бузург ибтидо мегирад.                 Рӯҳи қавӣ ва қатъияти ҷидду ҷаҳди фарзандони миллат онро дар арсаи байналмилалӣ мӯҳтарам ва мустақил хоҳад гардонд. Танҳо дар ҳамин сурат мавқеи моро ба назар хоҳанд гирифт. Танҳо дар ҳамин сурат моро дигар «чурка» ном набурда, бераҳмона сарҳои шаҳрвандони моро намебурранд.                Танҳо дар ҳамин сурат бо мошинҳои ҷипи сафеди дорои рақамҳои дипломатӣ дар кӯчаҳои шаҳрҳои мо гашту гузор карда, амалӣ сохтани барномаҳои башардӯстонаро ниқоби худ қарор дода, нисфи буҷетро барои хароҷоти фаъолияташон сарф намекунанд.                 Мо низ мисли онҳо халқи воҳид ва муқтадир мебошем — бигузор инро ҳам амрикоиҳо, ҳам русҳо, ҳам аврупоиҳо ва дигарон дониста гиранд. Дуруст аст, ки имрӯз мо аз онҳо дар масъалаи рушди иқтисодӣ қафо мондаем, тамоми соҳаҳои ҳаёти моро зуҳуроти манфии ришвахӯӣ фаро гирифтааст. Вале мо имконияти воқеӣ дорем, ки аз вартаи ин бӯҳрони шадид раҳо гардем, зеро дар рагҳои мо хуни Исмоили Сомонӣ, Муқаннаъ, Ибни Сино, Рӯдакӣ ва бисёр одамони бузурги дигар ҷорист.                Президенти ҷумҳурии мо рӯзҳои наздик ба Маскав сафар мекунад. Умед аст, ки мо дар ин ҷо низ садои пешвои миллат ва ҳомии манфиатҳои миллии худро хоҳем шунид. Русия бояд ҳис кунад, ки тоҷикон дигар ба ваъдабозиҳо ва суханбозиҳо дар бобати «шарокати стратегӣ» бовар намекунанд.                Мо бояд аз ақидаҳои некбинонаи онҳо ибрат гирем, мо танҳо як манфиати стратегӣ дорем, ин ҳам сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакати мо ва дастгирии нақшаҳои бунёдкоронаи мо мебошад. Шарики асосии стратегии Президенти Тоҷикистон халқи тоҷик мебошад. Вай бояд маҳз бо халқ муносибатҳои стратегиро ба роҳ монад. Президент дар ин роҳ қадамҳои нахустин гузошт ва мо ба ин иқдоми ӯ баҳои баланд медиҳем !               «Авесто»               Зафар Абдуллоев               «Тарҷумаи А.Қудратов (АМИТ «Ховар»).

Февраль 20, 2009 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд