АВТОМАТДОРӢ КАФОЛАТИ ОРОМӢ НЕСТ

Февраль 11, 2009 12:04

                   Душанбе, 11 феврал (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати умури дохила, дар соли 2008 аз аҳолӣ 1210 адад яроқи оташфишон, аз ҷумла 323 адад автомати «Калашников», пулемёт, гранатамёт, 176 таппонча, 184 адад карабин, 451 адад яроқи суфтамил ва лавозимоти дигари ҷангӣ мусодира карда шудааст.                   Боиси тазаккур аст, ки аз 2-юми декабри соли 1994 то 1-уми январи соли 2009 шумораи яроқи аз дасти аҳолӣ мусодирашуда 30 ҳазору 470 ададро ташкил медиҳад.                   Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани 1 яроқ ҳам нишони набудани кафолати оромию осудагӣ мебошад.                   Барои мусодираи яроқ ҳамдастии аҳолӣ бо кормандони мақомоти қудратии кишвар ниҳоят зарур аст, вагар на рӯзе боз садои нохуши он барои касе бадбахтӣ хоҳад овард.

Февраль 11, 2009 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд