БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАЪРИФАТИ КАЛОНСОЛОН
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Гурӯҳи коршиносони ИДМ 17 феврал дар шаҳри Минск лоиҳаи қарорро дар бораи нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани барномаи рушди маърифати калонсолон дар давлатҳои узви Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани барнома ба муҳайё сохтани шароит барои ташкили фазои воҳиди маърифатии давлатҳои ИДМ равона карда мешавад. Яке аз воситаҳои муҳимтарини ин иқдом рушди маърифати калонсолон ва фаъолияти маорифпарварӣ дар мамлакатҳои ИДМ мебошад. Пешбинӣ карда мешавад, ки давлатҳои манфиатдор барои иҷрои тадбирҳои мазкур маблағ ҷудо хоҳанд кард. Тибқи нақша ташкили заминаи меъёрию ҳуқуқии маърифати калонсолон илман асоснок кардани рушди маърифати калонсолон ва фаъолияти маърифатӣ, таъминоти ташкилию идорӣ ва молиявии маърифати калонсолон пешбинӣ карда мешавад.








Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо ва Агентии назорати давлатии энергетикӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






