2 феврал – Рӯзи ҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ
ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1997 инҷониб ҳамасола 2 феврал дар ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ (World Wetlands Day) маҳсуб мешавад. Ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва Ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ аз ҳадафҳои асосии ин сана мебошад, ки дар рушди устувори сайёра нақши хеле муҳим мебозад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар имзо шуда, соли 2000 шумораи кишварҳои аъзо ба 119 расид. Имрӯз 159 давлат аъзои Конвенсияи Ромсар гардидаанд.
Муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ
Шумораи мавзеъҳои обию ботлоқие, ки таҳти муҳофизат қарор гирифтаанд, 1 ҳазору 869 адад буда, майдони умумиашон 1 миллиону 836 000 километри мураббаъро ташкил мекунад. Шароити табиии ин мавзеъҳо барои зисти бисёр намуди парандаҳо, ҳашарот, моҳӣ ва дигар ҳайвонот мувофиқ аст. Инчунин заминҳое, ки ба рӯйхати мавзеъҳои обию ботлоқӣ дохил мешаванд, дорои захираҳои маъданҳои фоиданок мебошанд.
Тоҷикистон — аъзои Конвенсияи Ромсар
Тоҷикистон чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамчун давлати соҳибистиқлол 9 марти соли 2001 ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳофизати заминҳои обию ботлоқӣ дохил гардид. Баъд аз ҳамроҳ гаштани Тоҷикистон ба Конвенсияи Ромсар аз ҷониби мутахассисони соҳа панҷ мавзеи обию ботлоқии ҷумҳурӣ, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд, аз ҷумла Қароқӯл, Шоркӯл, Рангкӯл, Зоркӯл ва обанбори Қайроққум ба қайд гирифта шуданд.
Ҳама мавзеъҳои обию ботлоқии дар ҷумҳурӣ мавҷуда дар тобеияти заминҳои муассисаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷойгир шуда, масоҳат вобаста ба оби обанбор дар ҳудуди 3 — 5 ҳазор гектар мебошад. Ба ҷуз аз мавзеъҳои гуфташуда дар ҳудуди мамлакат дигар мавзеъҳои обию ботлоқӣ низ мавҷуданд, ба монанди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», Яшилкӯл, Искандаркӯл ва дигар мавзеъҳое, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд ва онҳоро низ метавон ба рӯйхати Конвенсияи Ромсар ворид кард.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст
Конститутсия-пояи давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад
КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад






