ДАР ҲОШИЯИ САФАРИ Э.РАҲМОН БА БРЮССЕЛ

Февраль 6, 2009 14:42

                   Рӯзҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Шоҳигарии Белгия ва Дастгоҳи Марказии Иттиҳоди Аврупо боздиди расмӣ анҷом хоҳад дод.                  Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Белгия бо даъвати Сарвазири ин кишвар ҷаноби Херман ван Ромпей сурат мегирад. Зимни боздид Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳи Белгия Алберти II, Сарвазир ва шахсони дигари расмӣ мулоқот хоҳад кард. Ҳамчунин ба имзо расидани як қатор созишнома ва ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар назар дошта шудааст, ки ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Белгия дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф, такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.                  Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи даъвати расмии Президенти Комиссияи Аврупо ҷаноби Жозе Мануэл Баррозо дар маркази ин сохтор дар Брюссел бо ӯ мулоқот хоҳад кард. Дар ҷараёни гуфтушунид масъалаҳои инкишофи ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба мавзӯи амнияти минтақа таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гардид.                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо Дабири кулли Шӯрои Аврупо, Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати дастҷамъии хориҷӣ ва амниятӣ ҷаноби X. Солана, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба муносибатҳои хориҷӣ ва ҳамҷаворӣ хонум Бенита Ферреро-Валднер, Раиси Кумита оиди муносибатҳои хориҷии Парлумони Аврупо ҷаноби С. Волский вохӯрда, масъалаҳои шоёни таваҷҷӯҳро мавриди муҳокима қарор хоҳад дод.Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони Парлумони Аврупо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо низ дар назар аст.                   Дар доираи сафар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо ҷаноби Филипп Мейштадту дар назар дошта шудааст. Ҷониби Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо мақсад доранд, ки дар бобати ҳамкории барои тарафҳо судманд созишнома ба имзо расонанд.                  Дар шаҳри Брюссел мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Паймони нирӯ ҷаноби Андре Мерние низ баргузор хоҳад гашт, ки дар он масъалаҳои бӯҳрони умумиҷаҳонӣ, таъсири он ба таъмини амнияти энергетикӣ, инчунин роҳҳои мушаххас ва самарабахш кардани ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Паймони нирӯ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.                 Сардори Давлати Тоҷикистон дар Пажӯҳишгоҳи робитаҳои байналмилалии Эгмонди Шоҳигарии Белгия дар ҳузури намояндагони доираҳои маъруфи сиёсиву илмии он кишвар ва ҳайъати дипломатӣ суханронӣ намуда, бо онҳо роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои инкишофи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ ва вазъи амнияти минтақа табодули назар хоҳад намуд.                  Дар рафти сафар Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмии бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ширкат варзида, дар бинои ёдшуда бо тоҷикистониёни муқими Белгия мулоқот хоҳад кард. Суханронии Президенти кишвар дар бизнес-форум бо иштироки соҳибкорони он кишвар, ки мехоҳанд дар рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳмгузор бошанд, дар назар дошта шудааст.                 Ҳамкориҳои Тоҷикистону Белгия рушд меёбанд                Шоҳигарии Белгия яке аз кишварҳои тараққикардаи саноатӣ ва аграрии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он дар қисмати шимолу ғарбии Аврупо ҷойгир аст.                Масоҳати Белгия 30,5 ҳазор. км2 буда, аҳолиаш 10,5 млн. нафарро ташкил медиҳад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш 309 млрд. доллари ИМА мебошад.                 Аҳолии аслии Белгия аз фламаниҳо — авлодони қабилаҳои франкҳо, фризскҳо ва саксонҳо ва валониҳо — авлодони келтҳо иборат мебошад. Кишвар ба номи яке аз қабилаи келтҳо — белгҳо, ки дар асрҳои аввали солшумории милодӣ вуҷуд доштанд, гузошта шудааст. Фламаниҳо дар минтақаи калони шимоли давлат (дар шарқ ва ғарби Фландрия) зиндагӣ мекунанд. Онҳо мӯйҳои зардранги моил ба сафедӣ ва андоми шабеҳ ба ҳолландиҳоро доранд. Валониҳо аслан дар ҷануб зиндагӣ карда, ба фаронсавиҳо монанд ҳастанд. Қавмҳои дигар дар акнофи кишвар умр ба сар мебаранд. Қисмати шимоли кишвар (ғарб ва шарқи Фландрия, Фла-амс-Брабант, Антверпен, Лимбург) мавқеи зисти фламаниҳо буда, дар он ҷо бо забони махсус, ки ба гурӯҳи забонҳои ғарбӣ-олмонӣ, наздик ба ҳолландӣ аст, сухан меронанд. Дар ҷануб бошад (Брабант-Валлон, Эно, Лиеж, Намюр) валониҳо ҷойгиранд. Забони онҳо ба забони шимоли фаронсавӣ монанд аст. Бо ин забон зиёда аз 80% аҳолии Брюссел ҳарф мезанад. Дар шарқи кишвар (дар атрофи ш.Эйпен ва Малмеди) асосан немисҳо зиндагӣ мекунанд.                  Масоҳати Шоҳигарии Белгия ҳатто аз рӯи ченакҳои аврупоӣ хурд ба назар мерасад. Дар назари аввал ин кишвар бо хонаҳои зебо, боғҳои ороста ва роҳҳои васеи худ эҳсосоти аҷиби кишвари афсонавиро ба хотир меорад.Истиқлолияти Белгия соли 1830 ба даст омадааст. Дар натиҷаи шӯриш он аз ҳайъати Нидерландия ҷудо гаштааст.Аз рӯзҳои аввали истиқлолият рушди иқтисодиёти кишвар шурӯъ шуд. Якумин роҳи оҳан (Мехелен-Брюссел) дар минтақаи Аврупо соли 1835 дар Белгия сохта шудааст.                Охири асри 19 Белгия кишвари Конгоро, ки масоҳаташ 50 маротиба калонтар аст, забт намуда, ба давлати калониалӣ мубаддал мегардад. Истифодаи захираҳои бои ин кишвар — оҳан, алмос ва ғайра, ҳамчун сарчашмаи беҳтарин ба рушди истеҳсолот, кишворазӣ ва тиҷорати баҳрии шоҳигарӣ кӯмаки калон расонд.                  Кишвар дар давоми Ҷанги якуми ҷаҳон зарари ҷиддӣ дидааст. Аҳолии яке аз шаҳрҳои Белгия — Ипри дар давоми ҷанг ба воситаи гази химиявӣ ба пуррагӣ нобуд карда шуда буд.                  Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон Белгия аз тарафи Германияи фашистӣ забт гардида, соли 1944 озод карда шуд.                  Сохтори давлатдории Шоҳигарии Белгия монархияи конститутсионӣ ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат Шоҳ Алберти II мебошад. Мувофиқи Сарқонун корҳои давлатиро Сарвазир, ки аз тарафи Парлумон таъин мешавад, пеш мебарад. Сохтори қонунгузор аз сенат (40 намоянда) ва палатаи намояндагон (150 вакил) иборат аст. Сарвазири Ҳукумат Херман ван Ромпей мебошад.                  Белгия сохтори федеративӣ буда аз Фландрия, Валония ва Брюссел иборат аст.                  Шоҳигарӣ соҳаҳои тараққикардаи нақлиёт ва коммуникатсия дорад. Яке аз калонтарин бандарҳои ҷаҳон дар шаҳри Антверпен ҷойгир аст, ки инчунин маркази савдои алмос низ ба ҳисоб меравад. Иқтисодиёти кишвар асосан ба истеҳсоли мошинаҳои ҳозиразамон, маҳсулоти насоҷӣ, химиявӣ ва саноати сабук такя мекунад. Кишвар инфраструктураи тараққикардаи саноати сохтмонӣ дорад. Соҳаи ҳозиразамони туристӣ ва шабакаи меҳмонхонаҳои ин мамлакат дар сатҳи олӣ қарор доранд.                   Белгия чун аъзои комили Иттиҳоди Аврупо сиёсати фаъоли хориҷии худро тавассути 150 намояндагии дипломатӣ дар хориҷа ва дар 70 созмони байналмилалӣ пеш мебарад.                    Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Белгия соли 2001 оғоз ёфтаанд. Ҳамкориҳо ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ дар ҳолати рушду инкишоф мебошанд.                    Вохӯрӣ ва мулоқоти аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳи Белгия Алберти II ва дигар роҳбарони кишвар соли 2003 дар ҷараёни сафари расмии ӯ ба ин кишвар баргузор гардида буд.                     Бо даъвати расмии Сарвазири Шоҳигарии Белгия ҷаноби Херман ван Ромпей 10 феврали соли равон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар оғоз хоҳад гашт .  Мувофиқи барномаи ташрифот вохӯрӣ ва мулоқотҳои Сарвари давлат бо Шоҳи Белгия Алберти II, Сарвазир, Спикери Парлумон ва дигар намояндагони расмии кишвар ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки дар давоми сафари расмӣ чанд созишномаи байниҳукуматие, ки барои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Белгия, махсусан дар соҳаи иқтисодиёт муҳим мебошанд, ба имзо мерасад. Ҳангоми мулоқотҳо бештар ба масъалаҳои ҷалби сармоя барои рушди соҳаи энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, инчунин тараққиёти саноати кӯҳӣ бартарият дода мешавад. Комилан табиист, ки масъалаҳои амниятӣ — мубориза алайҳи чолишҳои замонавӣ, ба монанди мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки на танҳо ҷониби Белгия, балки тамоми Иттиҳоди Аврупоро ба ташвиш меорад, мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.                     Ҳамзамон зимни сафари расмӣ ба имзо расидани созишнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи ш. Гент барои барқарор ва рушди ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ ба имзо хоҳад расид. Ҳамчунин дар чаҳорчуби сафари расмӣ суханронии Президенти Тоҷикистон дар бизнес-форуми доираҳои бонуфузи соҳибкорони белгиягӣ дар назар дошта шудааст.                   Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо: мақсад ва манфиатҳои муштарак                   Иттиҳоди Аврупо яке аз созмонҳои беҳамтои байнидавлатӣ мебошад, ки дар он 27 кишвари Аврупо шомил аст. Барпо намудани Иттиҳоди Аврупо рӯйдоди таърихӣ ва падидаи неки ҳаёти башар маҳсуб мегардад, зеро он ба муноқиша, рақобат ва ҷангҳои ҳазорсолаи минтақа хотима бахшид. Бо ташкилёбии худ Иттиҳод масъалаҳои сарҳадот ва гумрук, ғайринизомӣ сохтани минтақаҳои наздисарҳадӣ, истифодаи имконоти иқтисодӣ ва гуманитарии ин қитъаро ба якборагӣ ҳаллу фасл кардааст. Таъсиси созмон яке аз натиҷагириҳои беҳтарин дар таърихи пешрафти тамаддуни башарият мебошад. «Олами кӯҳан», ки ҳамзамон тавлидгари ду ҷанги хонумонсӯз буд, баъд аз таҷрибаи талх оқибат ба хулосае омад, ки дар ҳақиқат «бани одам аъзои якдигаранд». Дунёро, мардумро натавон бо зӯри силоҳ тасхир ва қудратро ба зарби шамшер тафсир, дӯстии миллатҳоро бо занҷир кардани марзҳо такфир кард.                   Сиёсатмадорони бузурги Аврупо бо созмон додани Иттиҳод марзҳоро ба якборагӣ кушоданд, аз даъвои бузургманишиву хешсолориву худхоҳӣ гузаштанд. Онҳо он чизеро амалӣ сохтанд, ки халқҳояшон орзу мекарданд. Маҳз бо чунин дурандешии сиёсӣ ва шуҷоати шахсии абармардони он кишварҳо имрӯз сокинони қаламрави Иттиҳод озод рафтуо ва доду гирифт мекунанд, муносибатҳои дилхоҳи тиҷоратӣ доранд, аз имконоти илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии якдигар самаранок истифода мебаранд.                    Масоҳати умумии Иттиҳоди Аврупо 4,8 млн. км2 буда, аҳолиаш зиёда аз 500 млн. мебошад, маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш 17 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Қудрати сиёсӣ, потенсиали иқтисодӣ ва ҳарбӣ Иттиҳодро дар баробари ИМА, Хитой ва Россия ба яке аз бозигарони бонуфузи сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ табдил додааст.                     Раванди ташкилёбии ин созмони абарқудрат 9 майи соли 1950 оғоз ёфтааст. Дар аввал шаш кишвар — Белгия, Олмон, Фаронса, Италия, Люксембург ва Нидерландия ба он ворид гашт. Пас аз пайвастшавии дигар кишварҳои аврупоӣ ба Иттиҳод (1973 — Дания, Ирландия ва Британияи Кабир, 1981 — Юнон, 1986 — Испания ва Португалия, 1995 — Австрия, Финляндия ва Шветсия) шумораи умумии давлатҳои аъзо ба 15 расид.                    Баъдтар бо васеъшавии Иттиҳоди Аврупо ба узвияти он дар баробари Кипр ва Малта, чанд кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва лагери сотсиалистӣ — Эстония, Латвия, Литва, Полша, Чехия, Словакия, Словения, Маҷористон, Булғористон ва Руминия дохил шуданд.                    Дар айни ҳол Иттиҳоди Аврупо ташкилоти интегратсионӣ буда, мақсади асосии он нигаҳдории дӯстӣ, рафоқат ва ҳамкории мустаҳками халқҳои Аврупо дар соҳаҳои ҳаётан муҳим — сиёсат, иқтисодиёт ва таъмини амнияти дастҷамъӣ маҳсуб мегардад. Давлатҳои аъзои ИА қисмати ҳокимияти худро бо ташкилоти ягонаи қудратманде, ки манфиатҳои миллии Иттиҳодро ҳамчун воҳиди комил дар масъалаҳои кулли аврупоӣ пуштибонӣ мекунад, амалӣ мегардонанд.                    Мақсади Иттиҳод ҷорӣ намудани шаҳрвандии ягонаи аврупоӣ, минтақаи умумии гумрукӣ ва пулӣ, кӯмак ба рушди иқтисодиёт ва таъмини дараҷаи баланди сатҳи зиндагӣ, мустаҳкам намудани нақш ва нуфузи Аврупо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.                   Яке аз далелҳои равшани баробарҳуқуқӣ дар Иттиҳод он аст, ки тамоми забонҳои давлатҳои аъзои ИА ҳамчун забони расмӣ қабул гардидаанд.                  Дар давоми таърихи зиёда аз панҷоҳсола Иттиҳод тавонистааст қуллаҳои баландро дар ташкили минтақаи ягонаи иқтисодӣ ноил гардад. Бо дастгирии кишварҳои аъзои Иттиҳод бозори умумӣ барои хариду фурӯши озоди маҳсулот, хизматрасонӣ ва табодули молиёт сохта шуд.                  Таҷрибаи ҳамкории кишварҳои Аврупо — шикастани марзҳо, садгузории сунъии байни миллатҳо, табодули озоди арзишҳои инсонӣ ва монанди инҳо метавонад барои бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун намунаи барҷастаи созмон додани шакли бошууронаи муносибатҳои байналмилалӣ хизмат намояд.Сохторҳои асосии Иттиҳоди Аврупо — Комиссияи Аврупо, Шӯрои Аврупо ва Парлумони Аврупо ба ҳисоб мераванд.                  Комиссияи Аврупо сохтори иҷроияи ИА мебошад. 27 узви Комиссия ба муддати панҷ сол аз ҳукуматҳои миллии кишварҳои аъзо таъин мегарданд ва дар иҷроиши вазифаҳои худ мустақил мебошанд. Комиссия ҳуқуқҳои зиёд дар соҳаҳои сиёсӣ, заминдорӣ, савдо, рақобати мол, тараққӣ додани роҳ ва инфраструктураи нақлиёти минтақавиро дорост. Комиссия буҷа, фондҳо ва барномахои гуногуни Иттиҳодро идора мекунад.                  Парлумони Аврупо аз 785 вакил, ки аз тарафи шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳод ба мӯҳлати панҷ сол интихоб мегарданд, иборат мебошад. Раиси Парлумон ба мӯҳлати ду солу шаш моҳ таъин мешавад. Вакилони Парлумони Аврупо на бо аломатҳои миллӣ, балки дар асоси равияи сиёсӣ тақсим мешаванд.                   Шӯрои Аврупо органи олии сиёсии Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб меравад. Сарони давлатҳо, сарвазирон, вазирони корҳои хориҷии 27 кишвари аъзои Иттиҳоди Аврупо, президенти Комиссияи Аврупо ва Комиссари Аврупо оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва ҳамҷаворӣ аъзои сохтори мазкур мебошанд. Мақсади асосии Шӯро пеш бурдани сиёсати интегратсионӣ ба ҳисоб меравад.                   Иттиҳоди Аврупо бо назардошти баландшавии мавқеъ, нақш ва нуфузи худ дар дунё мекушад то бо тамоми субъектҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муносибати судманд дошта бошад. Иттиҳоди Аврупо ба минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекунад, ки далели он қабул гардидани Стратегияи нави ҳамкорӣ байни ИА ва Осиёи Марказӣ (моҳи июли соли 2007) мебошад. Табиист, ки мақсади аввалиндараҷаи ИА дар ин минтақа кӯшиши ба даст овардани мустақилияти энергетикӣ, гуногун кардани роҳҳои интиқоли нафту газ ва дигар масолеҳи стратегӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин ИА ба пуррагӣ дарк мекунад, ки бидуни таъмин кардани вазъияти хуби сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ ва гуманитарӣ ба мақсадҳои аслии худ пурра расида наметавонад. Ҳамкории муфид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир ва ояндаи дур фақат дар ҳолати устувор будани вазъи сиёсӣ-иҷтимоии минтақа метавонад ба роҳ монда шавад. Аз ин лиҳоз мақсади асосии Иттиҳод ҳамчунон фароҳам овардани шароит барои мустаҳкам ва васеъ намудани муносибатҳои дуҷониба, ноил гаштан ба рушди иқтисодӣ, пойдории субот ва амният дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба ҳисоб меравад.                   Намунаи равшани рушди муносибатҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Комиссияи Аврупо, Раиси Парлумони Аврупо ва дигар намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо зимни сафари расмӣ ба Белгия дар соли 2003 ба ҳисоб меравад. Гуфтушунидҳои чандинкаратаи Роҳбари Давлат бо Дабири Кулли Шурои Аврупо, Намояндаи Олии ИА оид ба масъалаҳои сиёсати ягонаи хориҷӣ ва амниятӣ Хавиер Солана, Комиссари Комиссияи Аврупо оиди сиёсати хориҷӣ ва ҳамҷаворӣ Бенита Фирреро-Валднер, намояндаи махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ ва Кавказ Пиер Морел ва дигар шахсони баландпояи Иттиҳод дар инкишофи муносибатҳои тарафайн дар соҳаҳои гуногун барои минбаъд инкишоф додани он заминаи устувор гузошт. Зимни мулоқотҳои мазкур вазъият ва дурнамоии муносибатҳои судманди сиёсӣ, иктисодӣ-тиҷоратӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, гуманитарӣ, таълимӣ ва ҳамкории муштарак дар пойдории амнияти минтақавӣ мавриди баҳс қарор гирифтанд. Ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишвар, алалхусус, ба соҳаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, алюминий, маҳсулоти кишоварзӣ, ташаккули инфраструктураи ҳозиразамон барои рушди туризм аз мавзӯъҳои баҳси ин гуфтушунидҳо буданд. Иттиҳоди Аврупо нақши фаъоли Тоҷикистонро дар барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон эътироф менамояд. Бунёди панҷ пул дар дарёи байнисарҳадии Панҷ, рушди савдои наздисарҳадӣ, содироти барқ ба он кишвар, муборизаи муштарак бар зидди қочоки маводи мухаддир ва терроризм ҳамчун далели аслии иштироки Тоҷикистон дар барқарор намудани иқтисодиёт ва сулҳ дар Афғонистон маҳсуб мегардад.                 Саҳифаи нав дар таърихи рушди муносиботи дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо соли 2004 дар ш. Люксембург ба имзо расидани Созишномаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ, ки алҳол аз тарафи 27 давлати аъзои Иттиҳод 24-тоаш онро ба тасвиб расонидааст, ба ҳисоб меравад. Раванди таъйид кардани Созишномаи мазкур аз ҷониби се кишвари боқимонда — Юнон, Фаронса ва Италия дар назар аст, ки дар семоҳаи аввали соли равон анҷом бипазирад.Муносибатҳои байнипарлумонӣ низ рушди фаъол доранд. Мулоқотҳои вакилони ҳарду ҷониб ба идомаи инкишофи парламентаризм, васеъ кардан имконоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократикунонӣ дар Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.                Дар ҳоли ҳозир идомаи васеъшавии муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва ИА бараъло ба назар мерасад. Дар соли 2008 нишондодҳои савдои дуҷониба зиёда аз 760 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин 20% тиҷорати хориҷии кишварро дар бар мегирад. Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пахта, алюминий ва маҳсулоти насоҷиро содир намуда, мошинаҳо, воситаҳои нақлиёт, масолеҳи сохтмонӣ ва химиявӣ, инчунин маводи ниёзи кишоварзиро ворид мегардонад.                 Аз соли 1991 то ҳол Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба миқдори қариб 600 млн. евро кӯмаки молӣ расонидааст.                Бо итминони комил метавон гуфт, ки сафари дар пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Брюссел бо даъвати расмии Президенти Комиссияи Аврупо Ж.М.Баррозо, вохӯрӣ ва мулоқоти Сарвари давлат бо Раиси Комиссияи Аврупо, Намояндаи Олии ИА оид ба сиёсати ягонаи хориҷӣ ва амниятӣ Хавиер Солана, вакилони Парлумони Аврупо дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо саҳифаи наверо боз намуда, барои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, маърифатӣ ва алалхусус барои мустаҳкам намудани амнияти минтақа заминаи иловагӣ фароҳам хоҳад овард.                  Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" дар вазорати корхои хоричии Точикистон хабар доданд.

Февраль 6, 2009 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд