ДАР ҶАМОАТИ ТУГУЛИ ПАНҶ МАКТАБИ НАВ СОХТА ШУД
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-10 феврал дар ҷамоати Тугули ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мактаби нави замонавӣ барои 1 ҳазору 176 нафар талаба ба истифода дода шуд. Дар маросими ба истифода додани мактаби мазкур вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Ҳамидуллохон Фақиров, муовини Раиси вилояти Хатлон Ҳикоятмоҳ Ҳакимова ва раиси ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Сабуров ширкат намуда, онро падидаи нек дар рушди соҳаи маорифи кишвар арзёбӣ карданд. Сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мактаб аз ҳисоби қарзҳои Фонди Саудии Рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,5 миллион доллари амрикоӣ бо усули замонавӣ сохта шуда, дорои ошхона, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои компютерӣ мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






