ДАР АФҒОНИСТОН МАСОҲАТИ КИШТИ КӮКНОР КАМ МЕШАВАД

Февраль 4, 2009 10:30

                Душанбе, 4 феврал. АМИТ «Ховар», Илҳом Нарзиев). — Намояндаи махсуси Муншии умумии СММ дар Афғонистон Кай Эйде дар Кобул зимни нишасти матбуотӣ ҳамроҳи вазири мубориза ба муқобили маводи нашъадори Ҳукумати Афғонистон генерал Худойдод зикр кард, ки соли 2009 дар мубориза ба муқобили истеҳсолу паҳн намудани маводи нашъадор дар Афғонистон давраи ҳалкунанда хоҳад гашт. Дипломат кам кардани масоҳати кишти кӯкнорро зарбаи қавӣ ба мафияи нашъа номид. Қайд карда шуд, ки хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор бо ҷинояткорӣ ва ришвахӯрӣ бевосита муносибат дорад, бинобар ин кам кардани масоҳати кишти кӯкнор ва истеҳсоли маводи нашъадор ба вазъияти мамлакат таъсири мусбат мерасонад.              Кай Эйде таъкид намуд, ки Афғонистон мисли пештара манбаи асосии истеҳсол ва паҳн намудани маводи нашъадор дар миқёси ҷаҳон ба шумор меравад. Вай сардорони қабилаҳо ва пешвоёни динро даъват намуд, ки ба мақомоти ҳукуматӣ дар мубориза ба муқобили истеҳсол ва хариду фурӯши маводи нашъадор кӯмак расонанд. Зикр шуд, ки соли 2009 масоҳати кишти кӯкнор дар вилоятҳои ҷанубии Афғонистон бори аввал хеле кам карда шуд.            Генерал Худойдод зикр кард, ки яке аз сабабҳои кам шудани масоҳати кишти кӯкнор боло рафтани нархи ғалла ва хусусан гандум мебошад. Ба истилоҳи дигар, таҳдиди гуруснагӣ деҳқонони афғонро маҷбур намуд, ки ба ҷои кӯкнор гандум парвариш кунанд. Коршиносони СММ соли гузашта вазъияти соҳаи кишоварзиро дар 484 қарияҷот ва 225 вулусволии вилоятҳои гуногуни Афғонистон таҳқиқ намуданд. Ба қавли генерал Худойдод, кормандони вазорат пешгӯӣ мекунанд, ки масоҳати кишти кӯкнор дар Афғонистон соли 2009 боз ҳам камтар хоҳад шуд.                                                                                                                               Тарҷумон — Қудратов А.

Февраль 4, 2009 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд