ДАР РУСИЯ КОРГАРОНИ МУҲОҶИР БЕШТАР БА ҚАЙД ГИРИФТА МЕШАВАНД
Маскав, 10 феврал. АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар Маскав маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Русия баргузор гардид. Дар он вазири корҳои дохилии мамлакат Рашид Нургалиев дар бораи натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2008 маърӯза кард. Қайд карда шуд, ки кормандони вазорат соли гузашта ба масъалаи танзими муҳоҷират аҳамияти калон доданд. Ҷараёни такмил додани қонунҳои муҳоҷират давом дода шуд. Р.Нургалиев зикр кард, ки соли 2008 дар мамлакат 9,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба қайд гирифта шуд, ин нисбат ба соли 2007 — ум 16,7 фоиз зиёд мебошад. Дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ бештар аз 2,3 миллион парванда муҳокима карда, аз ин ҳисоб ба хазинаи давлат зиёда аз 3 миллиард рубл ворид карда шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






