ДАР СУҒД МИҚДОРИ ЗИЁДИ МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ГАРДИД
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии дарнақлиётбуда ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Чаббор Расулови вилояти Суғд Содирхон Забирови 41-соларо дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор гумонбар дониста, дастгир намуданд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии дастгиршуда 5 килограмму 680 грамм героин ёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






