ДАР ТОҶИКИСТОН ҚОНУНИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ҚАБУЛ МЕШАВАД

Февраль 2, 2009 16:38

                 Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чақалтой» аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласа Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2- феврал баррасӣ гардиданд.                Аз рӯи масъалаҳои зикршуда, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Олимхон Салимзода ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи палатаи поёнии парлумони мамлакат Шарофиддин Зоиров сухан карда, муҳимияти масъалаҳоро тавзеҳ доданд.                 Дар анҷом масъалаҳои баррасишуда ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 феврал баргузор мегардад, пешниҳод карда шуданд.   

Февраль 2, 2009 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад