ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 5 ФЕВРАЛ БАРФ МЕБОРАД
Душанбе, 3 феврал. АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Субҳи имрӯз дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон барф борид. Аз Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки боридани барф дар мамлакат то 5 феврал давом мекунад. Ҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки вобаста ба боридани барфи зиёд дар минтақаҳои кӯҳистони мамлакат фуромадани тарма эҳтимол дорад. Имконияти фуромадани тарма дар доманаҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор бештар аст. Ба қавли ҳавошиносон, 5 феврал дар аксари минтақаҳои мамлакат барф меборад. Ҳаво 6 феврал кушода хоҳад шуд. Ҳарорати ҳаво рӯзона зимни боридани барф аз 2 то 7 дараҷа гарм ва шабона то 5 дараҷа хунук мешавад. Аз Агентии ҳавошиносии мамлакат хабар доданд, ки ҳавои моҳи охири зимистон нисбатан гарм хоҳад шуд. Ба қавли мутахассисон, миёнаҳои моҳи феврал боз барфи зиёд меборад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






