ДОЛЛАРИ ИМА ДАР БОЗОРИ НАҚДӢ ТАҒЙИР НАЁФТ
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ мӯътадил монда, тағйир наёфт ва дар сатҳи 3,78 — 3,82 сомонӣ қарор дошт. Аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор амалиётҳои бештар дар ҷуфти «сомонӣ — рубл» аз рӯи қурби миёнаи 0,1074 сомонӣ ба назар расиданд. Аз рӯи ҷуфти «сомонӣ — доллар» бошад, амалиётҳо тамоман кам анҷом дода шуданд. Вобаста ба ин, қурби миёнаи доллари ИМА аз рӯи додугирифтҳо 3,7997 сомониро ташкил дода, дар давоми рӯзҳои охир ба ягон тағйироти назаргир рӯ ба рӯ нашуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






