ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЛИТВА
Душанбе, 13 феврал, АМИТ «Ховар». — Cафарҳои давлатию расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои назди Балтика ва Аврупо аз субҳи рӯзи 12 — уми феврал дар Ҷумҳурии Литва идома ёфт. Маросими истиқболи расмӣ дар назди Кохи Президенти Ҷумҳурии Литва баргузор гашт.Сарвари давлати Точикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Литва Валдас Адамкус истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо сафкашии горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Литва зимни сӯҳбати хоссаи сарони ду давлат ва гуфтушунидҳои хайатҳои расмии ду кишвар баррасӣ шуд. Болоравии мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Литва, ки соли гузашта ҳаҷми он зиёда аз 110 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, нишона аз имконоти фаровони густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ маънидод гардид. Таъсиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ мувофиқи мақсад дониста шуд. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, мебел, техникаи рӯзгор, чарм, пойафзол, азхуднамоии канданиҳои фоиданок ва захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, густариши робитаҳои нақлиётию транзитӣ аз самтҳои асосии ҳамкорӣ номида шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Тоҷикистон барои транзити молу маҳсулоти худ ба Аврупо аз бандарҳои Литва ва Литва низ дар навбати худ аз роҳхои транзитии Тоҷикистон ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода намоянд. Густариши робитаҳои илмиву фарҳангӣ низ зарур шумурда шуд. Мақомоти дахлдори ду кишвар вазифадор шуданд, ки барои муқаррар намудани робитаҳои мустақим миёни субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорон, олимон, ҳунармандон, варзишгарон ва аҳли адабу ҳунар мусоидат намоянд. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи масоили минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироиҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ сурат гирифт. Муттаҳидсозии кӯшишҳо баҳри барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон амри зарурӣ шумурда шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.