ФАОЛИЯТИ КОРМАНДОНИ ШКД РОҲИ ОҲАН БЕҲТАР ШУД
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ боз се шаҳрванди ҷумҳурӣ бо максади ба даст даровардани маблағи бедардимиён аз гардиши гайриконунии маводи нашъадор, дастгир карда шуданд. Кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи дар роҳи оҳан будаи Вазорати умури дохила аз шаҳрвандон-Содирхон Забиров ба миқдори 5 килою 680 грамм, Хушмуҳаммад Остонаев 800 грамм ва аз Шералӣ Саидов 1 килою 700 грамм маводи нашъадорро мусодира намуданд. Тафтишотро кормандони ШКД дар нақлиёт будаи Вазорати умури дохила мебаранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






