ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ АЛОҚАИ ТЕЛЕФОНИИ «ДИЛФОН» БОЗДОШТА ШУД
Душанбе, 11 феврал. АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Идораи давлатии назорату танзими соҳаи алоқа ва иттилооти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ аз Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дархост намуд, ки се иҷозатномаи Ҷамъияти саҳҳомии «Дилфон» — ро бо сабаби риоя накардани талаботи Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои додани иҷозатнома ба баъзе намудҳои фаъолият» аз эътибор соқит намояд. Аз идораи давлатии назорату танзими соҳаи алоқа ва иттилоот ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Дилфон» ҳанӯз соли 2006 барои расондани хизмати алоқаи телефонии мобилӣ иҷозатнома гирифта бошад ҳам, то имрӯз ба кор шурӯъ накард ва ба мақомоти дахлдор ҳисоботи молиявию оморӣ пешниҳод нанамуд. Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дархости мазкурро омӯхта, 3 феврали соли 2009 дар бораи беэътибор донистани иҷозатномаҳои Ҷамъияти саҳҳомии «Дилфон» қарор қабул намуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






