ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ МАНСАБДОРОНРО БА СУХАН МЕОРАД
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба имзо расидани Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 7-уми феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма» дар мустаҳкам намудани интизоми мансабдорон ва вокуниши саривақтии онҳо ба маводҳои танқидиву таҳлилии воситаҳои ахбори омма мусоидат менамояд. Бо ин максад, сардори маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев барои хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар брифинги матбуотӣ доир намуд. Боиси тазаккур аст, ки маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ бо ВАО-и кишвар алоқамандии зич дошта, як соли охир дастрасиро ба иттилоот беҳтар намудааст. Дар давоми соли 2008 ва 2 моҳи соли 2009 маркази матбуот ва иттилооти вазорат 10 маротиба нишастҳои матбуотиро бо иштироки ВАО-и дохилу хориҷи кишвар баргузор намудааст. Дар ин нишастҳо беш аз 100 нафар намояндагони ВАО-и ватанию хориҷӣ ба беш аз 500 саволхои пешниҳод кардаашон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамаи ин бозгӯи он аст, ки Фармони Президенти кишвар кормандони васоити ахбори оммаро водор сохт, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеа бештар ҳангоми тайёр намудани мавод бо таҳлилҳои амиқу нишонрас баромад намоянд. Аз тарафи дигар. Фармони мазкур, мансабдоронро ба шафофияти дастрасии иттилоот барои ВАО ба сухан овард.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






