ГУМРУКЧИЁН АЗ ТАҶРИБАИ ЯКДИГАР БАРХУРДОР МЕГАРДАНД
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавджуда Давлатзода).- Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон тайи як моҳи сипаригардида 54 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва як ҷиноятро ошкор карданд. Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бобати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳодисаҳои ҳукуқвайронкунии гумрукӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи шӯъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии раёсат дар дидбонгоҳҳои тобеи он семинарҳои сайёр гузаронида мешаванд. Мақсади асосии гузаронидани семинарҳо ин бархурдор гардидан аз таҷрибаи якдигар, саривақт ошкор намудани қонуншиканиҳо дар соҳаи гумрук, омӯзиши кодекси нави ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз 1 апрел мавриди амал қарор мегирад ва ба ин васила дар амал татбиқ намудани нақшаву чорабиниҳои сохтори минтақавии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Хатлон аст. Ҳамчунин қайд гардид, ки бо самараи чунин омӯзишҳо моҳи январи соли ҷорӣ кормандони гумруки Панҷи поён як амали ғайриқонунии ворид гардидани миқдори зиёда аз 30 килограмм маводи нашъадорро ҷилавгирӣ намуданд. Дар дохили халтаҳои семент устокорона ҷойгир намудани халтачаҳои селофании пур аз маводи героин аз назари гумрукчиён пинҳон намонд. Баъд аз ташхиси лабораторӣ маълум карда шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Неъматулло Абдулло мехост зиёда аз 22 килограмм героин ва қариб 8 килограмм афъюнро ба Ҷумҳурии Тоҷикситон ворид созад. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз намуда, барои тафтишот ба мақомоти прокуратура ирсол карда шуд. Аз рӯи 54 парвандаҳои тартибдодашудаи ҳуқуқувайронкуниҳои гумрукӣ ба маблағи 17 ҳазору 75 сомонӣ ҷарима гузошта, маблағи он ба пуррагӣ ситонида шуда, ба буҷаи мамлакат ирсол карда шуд.Инчунин аз тарафи кормандони раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 ҳазору 500 сомонӣ мол ба нафъи давлат мусодира карда шуд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






