ГУРӮҲИ НАХУСТИНИ МУТАХАССИСОН КУРСИ КӮТОҲМУДДАТИ СААД – РО ХАТМ НАМУД
Маскав, 20 феврал. АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Гурӯҳи нахустини мутахассисони соҳаи мубориза ба муқобили маводи нашъадор аз давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ — Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, инчунин Афғонистону Туркманистон курси махсуси такмили маҳоратро дар муассисаи таълимии СААД — Донишкадаи такмили маҳорати кормандони вазорати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Домодедово хатм намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки мутахассисони мақомоти дахлдори Афғонистон дар маркази байналхалқии байниидоравии омода сохтани кормандони сохторҳои мубориза ба муқобили маводи нашъадори ВКД Русия аз соли 2007 таҳсил мекунанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






