ХАЙРХОХ: «ТЕРРОРИЗМ ТАНХО МУШКИЛИ АФГОНИСТОН НЕСТ МУШКИЛИ ЧАХОН АСТ»
Душанбе, 14 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 15 феврал мардумони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 20 -умин солгарди баровардани Артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравиро аз хоки Афғонистон таҷлил менамоянд. Ҳанӯз 20 сол муқаддам, аниқтараш 14 феврали соли 1989 охирин сарбози Артиши Иттиҳоди Шӯравии собиқ тавассути пули қариб 1 километраи дӯстии «Ҳайратон-Тирмиз» хоки Афғонистонро тарк намуд. Ҷанге, ки дар ин сарзамин нерӯҳои Артиши Шӯравӣ муддати даҳ сол- аз соли 1979 то соли 1989 ба муқобили муҷоҳиддини халқ бурданд, иддае аз коршиносони масоили сиёсӣ онро сиёсати нодурусти ҳамондавраи Шӯравӣ арзёбӣ менамоянд. Вале зумрае аз таҳлилгарон бар он назаранд, ки мақсадҳои Шӯравӣ дигар буд. Яке аз онҳо пешгирии паҳн гардидани капитализм дар қитъаи Осиё, ҷилавгирии фаъолияти низомии Амрико дар Афғонистон ва тавсеаи системаи лагери давлатҳои сотсиалистӣ дар ҷаҳон ба шумор мерафт. Дар ҷанги 10 -сола Шӯравӣ дар қатори техникаю лавозимот ва дигар муҳимоти ҷангӣ ҳудуди 14 ҳазор 453 (Тибқи омори расмӣ) аскару афсарони худро қурбон намуд. Дар ҷанги Афғонистон беш аз 15 ҳазор фарзандони тоҷик иштирок карданд, ки аз онҳо 366 нафарашон ба ватан барнагаштанд ва беш аз 1000 нафар маҷрӯҳ ва захмӣ гардиданд. Алҳол дар ҷумҳурӣ 9 ҳазору 400 нафар ҷанговарони интернатсионалист, ки дар ҷанги Афғонистон иштирок намудаанд кору зиндагӣ менамоянд. Ва аз хама беш дар ин ҷанг 3 миллион аҳолии Афғонистон ҳалок гардид. Мутаасифона, бо гузашти чандин даҳсола баъд аз баровардани Артиши собиқ Шӯравӣ аз хоки Афғонистон, ин сарзамин ҳанӯз ҳам дар харитаи сиёсии ҷаҳон яке аз минтақаҳои доғи сайёра боқӣ мондаву таҳти контроли кишварҳои абарқудрати дунё ва амалиётҳои террористии гурӯҳи «Толибон» қарор дорад. Ҳанӯз ҳам дар ин сарзамин хуни мардумони осоишта мерезад ва миллионҳо нафар овораю саргардон дар кишварҳои хориҷа дар ғурбат қарор доранд. Чӣ сиррест дар ин байн, ки Афғонистон дар муддати беш аз се даҳсолаи охир ҳамчун кишвари ноором ва бесубот боқӣ мондааст? Роҳи наҷоти мардуми ин сарзамин ва сулҳу суботи ин кишвар дар чист? Бо ин ва дигар саволҳо дар остонаи 20 -умин солгарди баровардани нерӯҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ба Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмуҳаммади Хайрхоҳ муроҷиат кардем: Ҷаноби Сафир 14 феврал аз баровардани артиши Шӯравӣ аз хоки Афғонистон 20 сол пур мешавад. Ин санаи таърихиро Шумо чӣ тавр арзёбӣ менамоед? Нерӯҳои Шӯравӣ вақте, ки вориди хоки Афғонистон гардиданд, мусибатҳо ва мушкилоти зиёдеро ба мардуми Афғонистон эҷод кард ва боиси куштори ҳазорҳо -ҳазорҳо инсон, овораю сарсон ва гуреза шудани миллионҳо нафар сокинони ин сарзамин дар кишварҳои ғайр гардид. Дар муддати 10 соле, ки Шӯравиҳо дар хоки Афғонистон ҳузур доштанд ба миқдори тонна-тонна бомбаҳоро дар ин кишвар фурӯ рехтанд. Билохира баъди даҳ сол бо сарафкандагӣ маҷбур шуданд, ки сарзамини Афғонистонро тарк кунанд. Ҳузур ва ишғоли низомиёни Шӯравӣ дар хоки Афғонистон барои мардуми Афғонистон бисёр паёмадҳои ногуворе дошт. Афғонистонро ба хок яксон сохт, талафоти зиёди молию ҷонӣ ва равонӣ ба ин кишвар ворид сохт. Ин ишғолгароиҳо барои худи Шӯравӣ низ бисёр оқибати бад дошт. Теъдоди зиёди аскарону афсарон ва умуман низомиёни Шӯравӣ дар Афғонистон кушта шуданд. Ғайр аз ин ишғолгароии Шӯравӣ дар хоки Афғонистон як зарбаи мудҳише буд ба иқтисодиёти Шӯравӣ, ки он боиси пош хӯрдани низоми Шӯравӣ гардид. Ба андешаи Шумо ҳадафи вориди Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон дар чӣ буд? Агар мо ба шароити сиёсии он давр назар афканем, мебинем, ки Шӯравиҳо дар фикри он буданд, ки ҷаҳон зери режим ва нуфузи сотсиализм қарор дошта бошанд. Дар он солҳо Ҳизби Демократики Халқи Афғонистон ба муқобили мардум баромада буд. Шӯравиҳо гӯё кӯмаки интернатсионалистӣ барои ҳизби бародар -Ҳизби ҳампаймони худ карданд. Кӯмак ба ҳизби ҳампаймон ва Демократики Халқ дар матбуот, радио ва телевизиони онвақтаинаи Шӯравӣ ба таври васеъ нашр ва намоиш дода мешуд. Аммо дар пушти сари қазия тибқи ақидаи таҳлилгарҳои сиёсӣ, Шӯравиҳо мехостанд тавассути қаламрави Афғонистон ба обҳои гарм бароянд. Дар он вақте, ки Шӯравӣ ба Афғонистон лашкаркашӣ мекард дар кишвари ҳамҷавори Афғонистон-Эрон Инқилоби исломӣ пирӯзӣ ба даст оварда буд ва дар он ҷо низ Шӯравиҳо ҷонибдорони худро доштанд. Ҷонибдорони онҳо Ҳизби Тӯдаи Эрон буд. Яъне мақсади аслиашон устувор намудани нуфузи худ дар минтақа ва ҷаҳон буд. Ин масъалаҳоро дар ҳамон замон таҳлилгарони сиёсӣ пешгӯи карда буданд. Чӣ сабаб шуд, ки Шӯравиҳо хоки Афғонистонро тарк карданд? Шӯравиҳо фикр мекарданд, ки мисли дигар кишварҳои собиқ, ки босмачиҳоро саркӯб карда, ба зери мустамликаи худ дароварда буданд, дар Афғонистон низ ба чунин мақсад муваффақ мешаванд. Аммо вазъи Афғонистон ва рӯҳияи мардуми он аз дигар мардумони ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ фарқ мекард. Яъне Афғонистон қобили муқоиса бо дигар кишварҳои собиқ Шӯравиро надошт. Зеро дар Афғонистон мардум мӯътақид ба дин ҳастанд, ё худ ангезаҳои динӣ бисёр қавист ва билохира Афғонистон кишвари кӯҳистонист ва мардумаш дар ҳифзи суннатҳои миллӣ устувор аст. Ҷанги сарде, ки аз давраи гузашта байни Шарқу Ғарб вуҷуд дошт, инро собит сохта буд. Дунёи Ғарб мехост, ки Шӯравӣ дар Афғонистон замингир шавад. Билохира Шӯравиҳо дар Афғонистон замингир мешаванд, вале ҳеҷ дастоварде надоштанд. Бо мусоид будани шароити ҷанг дар Афғонистон Шӯравиҳо вақте, ки ба амалиёти сангине ворид мешуданд, бо муҷоҳиддин ягон пешрафт ва дастоварде надошт. Онҳо мисли касоне буданд, ки бо тӯб гунҷишк шикор мекарданд. Бо чунин тарз амалиёти ҷангӣ мебурданд. Яъне як минтақаро муҳосира мекарданд ва онро мекӯбиданд, он ҷое ки ба ҷузъ аз кӯҳу саҳро дигар чизе набуд. Вақте, ки дар муҳосираи муҷоҳиддин меафтоданд хисороти зиёд медоданд. Дар он шароити ҷангӣ Шӯравиҳо маводи сӯхтро ба Афғонистон наметавонистанд тавассути танкерҳо бирасонанд. Онҳо ҳар навъи петролиумро тавассути лӯлаҳо аз бандари Туркманистон ба Ҳирот, аз тарафи Ҳайратон ба Мазори Шариф интиқол медоданд, ки он боиси садамаҳои бузург, харобиҳои калони иқтисодӣ барои Иттиҳоди Шӯравӣ мегардид. Нерӯҳои Шӯравӣ бештар дар кадом минтақаҳои Афғонистон меҷангиданд? Шӯравиҳо дар тамоми сарзамини Афғонистон меҷангиданд. Онҳо тамоми минтақаҳои Афғонистонро ишғол карда буданд. Аз замину аз ҳаво вориди Афғонистон мешуданд. Аз замин тавассути бандарҳое, ки ба Афғонистон роҳ буд, ба мисли Ҳайратон, Турғундӣ, аз ҳаво аз тариқи фурӯдгоҳҳои ҳавоии Шиндон, Кобул, Багром тавассути тайёраҳо рӯзона муҳимоти ҷангӣ интиқол медоданд. Инчунин, аз дигар пойгоҳҳое, ки дар дигар минтақаҳо буд аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангӣ мефиристониданд. Дар он солҳо Шумо дар қуҷо ва ба чӣ кор машғул будед? Ман муҳассил Будам. Дар яке аз донишгоҳҳои Туркия таҳсил мекардам. Баъдан аз хориҷа ба ватан баргаштед? Баъди таҳсил ба Афғонистон баргаштам ва дар канори муҷоҳиддини халқ будам, бо шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигар муҷоҳидоне, ки алҳол дар ҳаёт ҳастанд. Хисороте, ки Шӯравиҳо дар хоки Афғонистон ворид намуданд чӣ гуна аст? Бо ишғоли Шӯравиҳо дар Афғонистон тамоми зербиноҳои Ҳукумати Афғонистон фурӯ пошид. Дар ин кишвар низом боқӣ намояд. Артиш дар ҳам шикаста шуд. Урдуи кишвар ва пулис аз байн рафт. Дар маҷмӯъ тамоми зербиноҳои давлатдорӣ нобуд шуд. Баъзе коршиносон бар он ақидаанд, ки ҳузури нерӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон хусусияти бунёдкорона низ дошт? Аз Шӯравиҳо танҳо дар Афғонистон минаҳои зиёде боқӣ монда, ки инфиҷор кунаду инсон бикушад. Ҳанӯз ҳам дар минтақаҳое, ки пойгоҳҳои низомии Шӯравӣ буд минаҳо вуҷуд дорад. Дигар чизе аз Шӯравиҳо боқӣ намондааст. Мутаассифона ин кишвар ҳанӯз ҳам яке аз минтақаҳои доғи сайёра боқӣ мемонад. Ва дар робита ҳузури нерӯҳои собиқ Шуравӣ аз ҳузури нерӯҳои Амрико ва дигар иттифоқчиёни он дар Афғонистон чӣ тафовут дорад? Харобу ба хок яксон кардани як кишвар кори хеле осон аст. Вале обод кардани он корест ниҳоят мушкил. Аз ин рӯ дар Афғонистон шароити мусоид фароҳам омад, ки гурӯҳҳои мухталиф дар дохили Афғонистон битавонанд по бимонанд ва макону паногоҳ бигиранд. Чунин шароит фароҳам омад, ки як теъдод террористҳое, ки дар хориҷи Афғонистон буданд ба дохили Афғонистон ворид шуданд. Дар ин кор кишварҳои ҳамсоя мусоидат карданд ва ҷараёне пайдо шуд бо номи «Толибон». Аз ҳамин холигии сиёсӣ, набудани ҳукумати фаъоли сиёсӣ дар робита бо он ҷанги 15-16 -сола шароит фароҳам омад, ки гурӯҳҳои террористӣ эҷод шуданд. Афғонистон дар ин шароит тавоноӣ ва қудрат надошт, ки ин гурӯҳҳоро саркӯб бикунад. Дар ҳамон солҳое, ки дар хоки Афғонистон ҷараёни «Толибон» зуҳур кард, мардуми Афғонистон ҳар қадар садо баланд мекарданд, фарёд мезаданд, ки ин хатар дунёро таҳдид менамояд, терроризм танҳо мушкили Афғонистон нест, мушкили минтақа ва мушкили ҷаҳонист, аммо дунё таваҷҷӯҳ намекард. Мегуфтанд на, инҳо байни худ даргир ҳастанд. Ва билохира ин террористҳо рафтанд то ба Ню-Йорку Вашингтону дигар шаҳрҳои бузурги дунё ва амалиётҳои 11 сентябр дар Амрико шурӯъ шуд. Баъдан ҷомеаи ҷаҳон фаҳмид, ки иштибоҳ кардаанд. Нисбати вазъи Афғонистон бетаваҷҷӯҳӣ кардаанд. Ин боис шуд, ки террористҳо натанҳо дар Афғонистон, балки дар дигар кишварҳо ва ҷаҳон даст ба амалҳои террористӣ заданд. Ин буд, ки дунё барои саркӯби террористҳое, ки худашон эътироф карданд бархостанд. Яъне ба хотири саркӯб намудани террористҳо вориди Афғонистон шуданд.Ин тавр нашуд, ки Афғонистон нерӯҳои Амрикоӣ ва дигар иттифоқчиёни онро ба таври расмӣ даъват карда бошад барои вориди минтақа ва Афғонистон шудан. Бидуни эълон онҳо ворид шуданд. Алҳол дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон бо террористҳо, хусусан бо гурӯҳҳои «Толибон» дар набард мебошанд. Террористҳо ҳоло ҳам бузургтарин чолиш дар сатҳи ҷаҳон ҳастанд. Мардуми Афғонистон аз аввал дар муқобили ҷанг ва терроизм аст. Терроризм метавонад дар кулли минтақа ва Осиёи Миёна мушкил эҷод бикунад. Дар худи Покистон ҳоло шумо шоҳид ҳастед, ки ҳар рӯз қариб дар Покистон амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад ва мардуми он ба хоку хун кашида мешавад. Ҳоло ҳам дар ин кишвар террористҳо хеле фаъоланд. Террористҳо буданд, ки Садри аъзами собиқи ин кишвар хонум Беназир Бҳутторо куштанд. Терроризм бузургтарин хатар аст, ки дунёро таҳдид мекунад. Бархе аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар канори террористҳо дар кӯҳҳо ва марзи Афғонистону Покистон қарор доранд. Аз ин рӯ терроризм мушкили танҳо Афғонистон нест, он мушкили минтақа, ҷаҳон аст. Бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он ҷилавгирӣ намояд то терроризм аз сари инсоният дур шавад. Дар ҳоли ҷилавгирӣ накардан дасти террористҳо боз мегардад. Онҳо ба чизе пойбанд нестанд, ба ҳар коре қодир ҳастанд. Барои онҳо куштан ва несту нобуд кардани инсон арзише надорад. Алҳол вазъи сиёсӣ дар Афғонистон чӣ гуна аст? Вазъ дар Афғонистон алъон нисбатан хуб аст. Мушкиле, ки имрӯз дорад ин мушкил бо террористҳост. Террористҳо ба шакли амалиётҳои инфиродӣ худро мунфаҷир месозанд, ҷанги ҷабҳаӣ, ҷанги руёрӯӣ вуҷуд надорад. Дар ин замина мушкиле вуҷуд дорад, ки душман шинохта намешавад. Душман дар либоси мардум ба дохили анбӯҳи одамон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дохил мешавад ва худро мунфаҷир мекунад, боиси кушта шудани даҳҳо нафар мардуми осоишта, занону кӯдакон мегарданд. Фақат мушкил- мушкили амалиётҳои инфиродӣ, амалиётҳои террористӣ ва гузоштани минаҳо дар канори ҷодаҳост. Нерӯҳои НАТО аслан бо гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаҳои ҷануби кишвар дар набард аст. Вазъи иҷтимоии мардум дар кадом сатҳ аст? Вазъи иҷтимоии мардуми Афғонистон нисбатан ба солҳои қаблӣ хуб аст, яъне ба низоми муайян даромадааст. Дар кишвар бозсозиҳо идома дорад, роҳҳои зиёде сохта шудааст. Хати оҳан аз тарафи Эрон то ба Ҳирот расидааст. Барномаҳое ҳастанд, ки агар худованд хоста бошад ин хати роҳи оҳанро аз тариқи Эрон дохили Афғонистон, ки то 60 километр дохили Афғонистон ворид шуда, онро битавонем то Мазори Шариф бирасонем ва бо Тоҷикистон ва бо ин роҳ Осиёи Марказӣ бо Ҷануби Осиё ва Шарқи Миёна васл мешавад. Ин корҳо феълан идома дорад. Ҳазорҳо километр роҳҳои асфалт дар қисматҳои гуногуни Афғонистон сохта шудааст.Корҳои шаҳрсозӣ, бунёди манзил бо суръати баланд идома дорад. Як қатор ширкатҳои хориҷӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни бозсозӣ дар Афғонистон саҳми фаъол мегузоранд. Аз ҷумла, яке аз ширкати чиноӣ барои истихроҷи маъдани мис дар яке аз конҳои бузургтарини Афғонистон дар тендер ғолиб омад, ки арзиши ин лоиҳа 4 миллард доллар аст. Инчунин қарордод кардааст, ки хати роҳи оҳанро то марзи Тоҷикистон бисозад. Бо вуҷуди он, ки мушкилоти ҷанг аст, корҳои бозсозӣ низ босуръат идома дорад. Мардум дар фасли сармо бо нерӯи барқ таъмин ҳастанд? Алҳол мо миқдори муайяни нерӯи барқро дар худи Афғонистон тавлид мекунем. Дар Кобул ба миқдори 150 мегаватт нерӯи барқи миллӣ дорем, ки аз обҳои худи Афғонистон тавлид мешавад. Миқдори дигари барқ аз хориҷа гирифта мешавад. 70 мегаватт барқ аз Ӯзбекистон мегирем. Аз он 40 мегаватт ба Кобул ва 30 мегаватт ба Мазори Шариф дода мешавад. Як миқдор барқ аз Тоҷикистон барои вилояти Қундуз мегирифтем, ки алҳол он низ қатъ гардидааст. Нерӯи барқ ба таври реҷавӣ дода мешавад? Феълан муддате қатъ шудааст.Дар мавсими зимистон ба муддати 4-5 соат дар як шабонарӯз дода мешуд. Дар мавсими тобистон бошад боз мукаммал карда мешавад. Минтақаҳои ғарбӣ аз Эрон ва Туркманистон барқ мегирад. Мо дар Кобул мушкили барқ доштем, ки ин ҳам бо омадани барқи Ӯзбакистон мушкил то андозае ҳал шуд. Дар мавриди сохтани Нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» инчунин нерӯгоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон Афғонистон яке за муштариёни асосии барқи Тоҷикистон хоҳад буд. Сатҳи ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамҷаворро чӣ тавр дидан мехоҳед? Равобити иқтисодии ду кишвар баъди ба истифода додани пули дӯстии «Панҷи Поён -Шерхонбандар» беш аз пеш тавсеа меёбад. Рӯзона садҳо мошинҳои боркаш бо молу амволи гуногун аз Покистон тариқи қаламрави Афғонистон ба шакли транзит ин пулро убур карда, вориди Тоҷикистон мегарданд, ки он боиси рушду тавсеаи равобити иқтисодию иҷтимоии кишварҳои минтақа гардидааст. Агар роҳҳои оҳанро се кишвари форсизабони минтақа бисозанд он барои рушди тиҷорат, транзити мусофирон ва молу маҳсулот нақши муассир мегузорад. Барои сохтмони ин роҳи оҳан тавре қаблан зикр кардам аз ҷониби Афғонистон хазинаи молӣ таҳия шуда ва хати роҳи оҳан аз ҷониби Эрон то дохили Афғонистон ба масоҳати 60 километр сохта шудааст ва дар назар аст, ки дар зарфи ду соли оянда он ба анҷом расонида хоҳад шуд. Инчунин, сохтмони иншоотҳои муҳим байни кишварҳои минтақа, ман дар назар дорам сохтмони пулу роҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, нерӯгоҳҳои барқӣ на танҳо ба рушду нумӯи Тоҷикистон, балки ба ривоҷу равнақи иқтисоду тиҷорати кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон қадами устуворе хоҳад буд. Ман фикр мекунам, ки ин иқдомҳо ояндаи нек ва дурахшонеро барои мардумони ин минтақа фароҳам хоҳад сохт.