ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ БАРОИ АҲОЛӢ КАМ ШУД

Февраль 25, 2009 10:50

                       Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- То ибтидои соли 2009 ба аҳолӣ ба маблағи 336,4 миллион сомонӣ хизмати пулакӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 фоиз зиёд аст,- иброз доштанд дар Кумитаи омори ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».                       Дар корхонаю ташкилотҳои ба қайд гирифташуда бошад, хизматрасонии пулакӣ 185,9 миллион сомонро ташкил додаст, ки нисбат ба моҳи декабри соли 2007 8,2 фоиз кам мебошад.                      Аз ҷумлаи корхонаҳои расмӣ ба қайд гирифташуда, ки ҳаҷми хизматрасонии пулакиро нисбат ба моҳи январ-декабри соли 2007 кам кардаанд, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумхурӣ-(5,1) фоиз, Вазорати фарҳанг- (86,1), Ширкати давлатии саҳомии Холдинги «Барқи тоҷик»- (99,6 ) фоиз мебошанд.

Февраль 25, 2009 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид