ИНТИХОБОТ ДАР ҶОЙИ ВАКИЛИ ХОРИҶШУДА
Душанбе, 7 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Пагоҳ 8 феврал дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии №4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакили хориҷшуда баргузор мегардад. Тибқи иттилои аз Маркази интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» расида, дар интихобот ду номзад- Амир Катаев ва Додихудо Абдулов, ки намояндагони Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошанд, ширкат менамоянд. Қаблан аз ҳавзаи мазкур Каримҷон Қодиров дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ намояндагӣ мекард, 10 ноябр бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб таъин гардид.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






