ИНТИХОБОТИ РАИСИ НАВИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПӢ
Душанбе, 11 феврал. АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз раиси Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай ба журналистон хабар дод, ки 14 феврал маҷлиси Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ баргузор мегардад. Дар он раиси нави кумита интихоб карда хоҳад шуд. Б.Раҷабалиев изҳор намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Кумитаи миллии олимпӣ номзади арзандатарин мебошад. Агар Президенти ҷумҳурӣ раиси Кумитаи миллии олимпӣ интихоб шавад, ҳаракати олимпӣ дар саросари мамлакат бештар ривоҷ хоҳад ёфт, гуфт Б.Раҷабалиев. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Баҳрулло Раҷабалиев 14 феврали соли 2005 раиси КМО интихоб шуда буд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






