КӮМАК БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ
Рашт, 2 март. (АМИТ «Ховар» М.Ризвонов).- Созмони байналмилалии «Ҳайати Шафқат» ба 2100 оилаи камбизоати ҷамоатҳои Ҳиҷборак ,Ҷафр ва Тагобаи ноҳияи Рашт ба маблағи 850 сомонӣ кӯмаки яквақта расонид. Корманди ин ташкилот Ҳамзаалӣ Давлатов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,ки ташкилоти мазкур аз ҳисоби кӯмакҳои Ҳукумати ИМА ба мардуми ин минтақа, ки бар асари сардиҳои зимистони соли гузашта зарар дида буданд, дасти ёрӣ дароз менамояд. Инчунин «Ҳайати Шафқат» бо назардошти болоравии нархи маводи ғизоӣ ва камбуди сӯзишворию норасоии барқ мардуми маҳалро аз ин ҷиҳат ҳам дастгирӣ мекунад. Яке аз занҳои бесаробон аз деҳаи Нимичи ҷамоати Ҷафр Ҳалима Тоҳирова миннатдории худро ба ин созмон баён намуда, изҳор кард, ки дар давраи болоравии қиммати маводи ғизоӣ тавонист як масъалаи душвори худро ҳал намояд. Мувофиқи барнома пешбини шудааст,ки ташкилоти мо ба занҳои ҳомила ва кӯдакони то ду сола ба маблағи 200-280 сомонӣ маводи хӯрока кӯмак намояд,- гуфт Ҳ.Давлатов.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






