КӮМАКИ КОМИССИЯИ АВРУПО БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо барои Тоҷикистон пурсамар арзёбӣ мегардад. Раиси Комиссияи Аврупо Жозе Манузл Баррозо ҳини дидор бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ин созмон бо назардошти бӯҳрони молиявии ҷахонӣ, ниёзмандиҳои Тоҷикистонро мадди назар гирифта, ба ҳайси ёрӣ 18 миллион евро тахсис медиҳад. Дар қабули ин қарор Хазинаи байналмилалии асъор саҳм гузоштааст. Боиси ёдоварист, ки ҳафтаи сипаришуда ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор аз рафти ислоҳоти низоми молӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






