КАЛОНТАРИН ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ НИҲОЛ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Фарорасии фасли баҳор ва оғози кишту кор дар оину маросимҳои ҷашнии ниёгони мо ҳанӯз дар давраҳои қадим хеле дақиқ муайян гаштааст. Шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳо маҳз дар ин фвсли зебо аз қадимулайём аз насл ба насл гузаштааст, ки он таҷассумгари фасли баҳор аст.Боиси хурсандист, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҳар сол маъракаи ниҳолшинонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса оғоз мегардад. Чорабини мазкур, ки бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ гардонидани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон ва таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишварамон баргузор гардид.Ярмаркаи мазкур дар пайгирии аз татбиқи барномаи нави рушди боғу токпарварӣ ва тадриҷан зиёд намудаи парвариши ниҳолҳо барои солҳои 2007- 2010 ташкил карда шуд.Соли ҷорӣ тибқи барнома, бунёди 1465 гектар боғҳои нав, 500 гектар токзорҳои нав, инчунин барқароркунии 523 гектар боғ ва 322 гектар токзорҳо дар назар дошта шудааст.Дар ярмакаи фурӯши ниҳолҳои босамару сояафкан ҳамаи хоҷагиҳои ниҳолпарвар маҳсули меҳнати худро пешкаши харидорони пойтахт гардониданд.Агар дигархел карда гӯем, ба ярмарка беш аз 70 ҳазор ниҳолҳои мевадиҳанда ворид карда шуд, ки мардум тавонистанд ниҳоли дилхохашонро харидорӣ намуда, кӯчаю ҳавлиашонро зебу оро диҳанд ва ба ояндагон онро ба ёдгор монанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






