КБМ БА МУҲИТИ ИНВЕСТИТСИОНИИ ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕКУНАД

Февраль 6, 2009 09:55

                     Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Корпоратсияи Байналхалкии Молиявӣ (КБМ), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, бо мақсади беҳтар кардани муҳити инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муттаҳид намудани бонкҳо, ширкатҳои хусусӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои алоқаманд баҳри ҳамкорӣ бо Ҳукумат дар таҳияи Кодекси миллии идоракунии корпоративӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналхалқӣ кӯмак мерасонад.                     Аз Корпоратсияи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ширкатҳои Тоҷикистон, ки мехоҳанд идоракунии корпоративии хешро беҳтар намоянд, ҳоло аз сабаби набудани дастури миллӣ душворӣ мекашанд. Бо мақсади кӯмак расонидан дар ҳалли ин мушкилот Лоиҳаи КБМ оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ ҳафтаи гузашта мизи мудаввар бо иштироки намояндагони Ҳукумат ва дигар сохторҳои алоқаманд барпо намуд.  Иштирокчиёни мизи мудаввар қарор доданд дар ҷодаи таҳияи Кодекси миллии идоракунии корпоративи, ки ба шаффофии фаъолияти ширкатҳои Тоҷикистон ва ҷалб намудани инвесторҳои хориҷӣ мусоидат мекунад, хамкорӣ кунанд.                    «Вақти он расидааст, ки мо бояд Кодекси миллии идоракунии корпоративии ҶТ-ро таҳия намоем. Кодекси миллӣ муҳити инвеститсионии кишварро беҳтар мекунад ва идоракунии корпоративии ширкатҳои маҳаллиро бо стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ месозад. Дар ин самт мо КБМ-ро, ки бо таҷрибаи байналхалқии хеш дар ин ҷараён нақши муҳим бозида истодааст, хуш пазироӣ мекунем», — гуфт иштирокчии ин мизи мудаввар, машваратчии ҳуқуқии ҶСК «Агроинвестбонк» Вячеслав Пияров.  

Февраль 6, 2009 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад