КИШТИ ТАКРОРӢ САМАРАИ ХУБ ДОД
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои обёришаванда ва таъмини амнияти озуқавории кишвар тобистон ва тирамоҳи соли 2008 баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва кишти барвақтӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати 115 ҳазору 718 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, аз кишти такрорӣ то 1-уми январи соли 2009 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) 37 ҳазору 506 тонна ғалла, 4 ҳазору 390 тонна картошка, 44 ҳазору 32 тонна сабзавот ва 9509 тонна полезӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 176 фоиз зиёд ғалла, 3 маротиба зиёд картошка, 158 фоиз зиёд сабзавот ва 6,2 маротиба зиёд полезӣ ба даст оварда шуд. Танҳо аз ҳисоби кишти такрорӣ 7477 тонна шолӣ ва 19 ҳазору 824 тонна ҷуворимакка ба даст оварда шудааст.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






