КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Конфронси илмӣ — амалӣ таҳти унвони «Бӯҳрони молиявии чаҳонӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон» 20 феврали соли равон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гаодид. Дар конфронс намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва мақомоти дигари иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, олимони Академияи илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, корхонаҳои калонтарини саноатӣ, намояндагони сохторҳои марказӣ ва маҳаллии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ва ҳизбҳои дигари сиёсӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд. Дар конфронс дар мавзӯъҳои «Буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва кӯшишҳои раҳоӣ аз он дар сатҳи глобалӣ», «Таъсири бӯҳрони молиявии чаҳонӣ ба рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон», «Масъалаҳои танзими давлатии бозори меҳнатӣ дар шароити бӯҳрони молиявии чаҳонӣ» ва «Роҳҳои танзими қарзи хориҷии мамлакат дар шароити буҳрони чаҳонии молиявӣ» маърӯзаҳо хонда шуд. Сипас атрофи масъалаҳои дар конфронси илмӣ — амалӣ баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифт ва иштирокчиён дар асоси хулосаҳои аз таҳлили мавзуъҳо ҳосилгардида тавсияҳои амалӣ пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа






