КОНСЕРТИ МУШТАРАКИ ТЕАТРИ «ПАДИДА» ВА ОВОЗХОНИ ӮЗБЕК
Душанбе, 2 феврал. АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Ҳунарпешагони театри таъсиснамудаи ҳунарпешагони маъруфи тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов ва Шарофат Рашидова — «Падида» ба машқи рақсҳо мувофиқи барномаи консертии овозхони ҷавони ӯзбек Севинч Мӯъминова шурӯъ намуданд. Севинч Мӯъминова 7 феврал дар Кохи Борбад консерт намоиш медиҳад. Директор ва роҳбари бадеии театри «Падида» Ҳ.Абдураззоқов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки коргардонони овозхони ӯзбек сабти навори мусиқии сурудҳои ӯро ба ҳайати эҷодии театр супориданд. Ҳунарпешагони театр ба консерти С.Мӯъминова тайёрӣ мебинанд. Машқи муштараки онҳо баъди ба Душанбе омадани овозхони ӯзбек оғоз меёбад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






