КОРМАНДИ ФУРӮДГОҲ ДАСТ БА ҚОЧОҚИ МАВОДИ НАШЪАДОР ЗАД
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноии Лутфинисо Мирмуҳамедоваро ба итмом расонид. Аз маркази матбуоти Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Л. Мирмуҳамедова дар вазифаи муовини бахши навбатдории сардори фурӯдгоҳи «Хуҷанд» кор карда, бо истифода аз мақоми хизматиаш даст ба ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва сӯиқасди қочоқи он ба миқдори махсусан калон задааст. Номбурда тибқи моддаҳои 200, қисми 4, бандҳои «в», «д» (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, аз рӯи маслиҳати пешакии гурӯҳи ашхос, ба миқдори махсусан калон ва бо истифода аз ваколати мансабдорӣ), 32, қисми 3, 289, қисми 3, банди «б» (суиқасди қочоқи воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон, аз ҷониби шахси мансабдор бо истифодаи мақоми хизматӣ) ва 314, қисми 3 (суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ки боиси оқибатҳои вазнин гаштааст)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст. Маводҳои парвандаи ҷиноии нисбати Л. Мирмуҳамедова барои моҳиятан баррасӣ намудан, ба суди вилояти Суғд ирсол карда шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






