МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА БА 364 ГЕКТАР РАСОНИДА МЕШАВАД

Февраль 20, 2009 10:46

                 Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мувофиқ ба дурнамои тасдиқгардида, соли 2009 кишти картошка дар ноҳияи Тоҷикобод ба 364 гектар расонида мешавад. Барои дар ин масоҳат гузаронидани кишт 1274 тонна картошкаи тухмӣ бояд захира мешуд.Санҷишҳои мутахассисон нишон доданд, ки дар ноҳия захираи картошкаи тухмӣ ҳамагӣ 665 тоннаро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ ҳамчунин барои пурра ба анҷом расонидани кишти баҳории ғалладона 177, 6 тонна тухмӣ зарур аст. Ноҳия бошад, барои кишти баҳорӣ ҳамагӣ 80 тонна тухмӣ захира кардааст.                 Боиси ёдоварист, ки аз фонди бозгашти Вазорати кишоварзӣ соли 2008 ба ноҳия 120 тонна гандуми тухмӣ дода шуда буд, аз он ба вазорат ҳамагӣ 41,3 тонна бозгашт шудааст.

Февраль 20, 2009 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад