МАРОСИМИ ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТ

Февраль 10, 2009 16:44

                      Душанбе, 10 феврал. АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ маросими муаррифии намояндагии ширкати «Цепелин Интернатционал АГ» баргузор гардид, ки намояндаи расмии ширкати «Катерпилар» мебошад. Ширкати мазкур дар соҳаи истеҳсоли техника ва таҷҳизоти сохтмони роҳҳо, кишоварзӣ ва истихроҷи маъдан дар ҷаҳон шӯҳрати калон дорад. Намояндаи ширкат Константин Девлер зикр кард, ки намояндагони он дар давраи солҳои 2004 — 2007 бо вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар масъалаи фурӯши техникаи роҳсозӣ силсилаи қарордодҳо имзо кардаанд. Дар давоми солҳои 2007 — 2008 низ бо ширкати «Талко — Персия» дар масъалаи фиристодани техника барои сохтмони НБО Роғун қарордод имзо шуда буд.                    К.Девлер афзуд, ки техникаи сохти ширкат дар Корхонаи муштараки «Апрелёвка» ва Корхонаи тиллои «Зарафшон» истифода б урда мешавад.

Февраль 10, 2009 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад