«MOSCOV OPEN-2009»: БА ФАРРУХ АМОНАТОВ 1 ИМТИЁЗ НАРАСИД

Февраль 9, 2009 14:50

               Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Дар шаҳри Москва ҷашнвораи байналмилалии шоҳмоти «Moscov Open-2009» ба анҷом расид. Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов дар 9 бозӣ 6,5 имтиёз ва аз ғолиби мусобиқа ҳамагӣ 1 имтиёз камтар ба даст овард.               Бад-ин тартиб Фаррух Амонатов дар сабқати «А» дар 5 дидор ғолиб омада, 3 бозиро мусовӣ анҷом дода, танҳо дар як бозӣ мағлуб шуд ва байни 318 нафар ҷои 12-умро касб кард.              Шоҳмотбози Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Александр Онишук бо 7,5 имтиёз ғолиби сабқати «А» гардид. Сергей Тивякови ҳолландӣ ва Эрнесто Инаркиеви рус бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуввуму севум қарор гирифтанд.               Маблағи ҷавоизи сабқати «А» 3 миллион рубли русиро ташкил медод, ки аз ҷумла ба ғолиби сабқат 500 ҳазор рубл супурда шуд.                Шоҳмотбози дигари тоҷик Зариф Сафоев дар сабқати «В» дар 9 дидор 5 имтиёз ба даст овард. Вай дар 5 бозӣ пирӯз шуда, дар 4 бозӣ мағлуб гашт ва байни 453 нафар ҷои 195-умро соҳибӣ кард.

Февраль 9, 2009 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар