«MOSCOW OPEN-2009»: ФАРРУХ АМОНАТОВ ДАР ГУРӮҲИ ДУВУМИ ПЕШСАФОН
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). -Даври 3-уми ҷашнвораи байналмилалии шоҳмоти «Moscov Open-2009» баргузор гардид. Шоҳмотбозӣ тоҷик Фаррух Амонатов баъди ин давр ба гурӯҳи дувуми пешсафони ин ҷашнвора шомил шуд, ки дар ин гурӯҳ 28 шоҳмотбоз ҷой гирифтанд. Фаррух Амонатов дар даври 3-уми «Moscov Open-2009» бар гроссмейстер Дмитрий Гуревич пирӯз шуд. Ф.Амонатов дар 3 бозӣ 2,5 имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи дуввуми пешсафон ҷой гирифт. Пас аз ҷамъбасти 3 даври мусобиқот 16 нафар 3-имтиёзӣ ва 29 нафар 2,5 имтиёзӣ гирифтанд. Фаррух Амонатов дар даври 4-ум, ки имрӯз баргузор мегардад, бо намояндаи Русия Виталий Тшесковский бозӣ хоҳад кард.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






