МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ НИЁЗ ДОРАНД
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷумҳурӣ 91 муассисаи таълимии фарҳанг ва санъат фаъолият доранд, ки онҳо ба таълиму тарбия ниёз доранд,-гуфта шуд дар ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар доир шуда буд. Чунин беэътиноӣ ба кор дар мавриде ба назар мерасад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола баҳри рушди соҳа миллионҳо сомонӣ ҷудо менамояд. Танҳо соли 2008 барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи фарҳанг аз буҷа 150 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Аммо муассисаҳои фарҳангӣ барои баланд бардоштани маърифатнокӣ ва ватанпарастии мардум корҳои назаррасеро анҷом надоданд. Ҳар сол қариб ҳамаи китобҳои дарсӣ бо сифати паст дар хориҷи кишвар нашр мешаванд, ҳол он киин амалро дар матбааҳои дохили кишвар бо нархи ба мардум дастрас анҷом додан мумкин аст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






