МУЛОҚОТ БО НИЗОМИЁН
Суғд, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- Кормандони прокуратураи гарнизони ҳарбии вилояти Суғд ба муносибати 16-умин солгарди ташкилёбии қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва соли бузургдошти Имоми Аъзам бо хизматчиёни ҳарбии яке аз қисмҳои ҳарбӣ мулоқот карданд. Сардори прокуратураи гарнизони ҳарбӣ полковник Мирзоев хизматчиёни ҳарбиро ба шарафи ид табрик карда, роҷеъ ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият, кам шудани миқдори ҷинояткорӣ ва таъмини шароит барои меҳнати осоишта сухан ронд. Меҳмонон баъди мулоқот бо тарзи коргузорӣ дар қисми ҳарбӣ, китобхона, ошхона ва коргоҳи нонпазӣ шинос шуданд. Полковник Мирзоев аз китобхонаи шахсии худ ба китобхонаи қисми ҳарбӣ даҳ номгӯи китоб тақдим намуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






