МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАХМОН БО АКСЕЛ ШИММЕЛПФЕННИГ

Февраль 6, 2009 11:56

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин роҳбари Гурӯҳи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.                Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд.Аксел Шиммелпфенниг бо қаноатмандӣ изҳор дошт: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи махсуси мушоҳидавии Хазинаи Байналмилалии Асъорро пурра иҷро намуд ва акнун мо ба таҳия ва пешниҳоди барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт шурӯъ мекунем».                Ба иттилои Аксел Шиммелпфенниг ҳамчунин санҷиши фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон бо натиҷаҳои мусбат анҷом ёфт ва акнун ҳеҷ монеае барои рушду густариши ҳамкориҳо вуҷуд надорад.               Таъкид гардид, ки дар таҳияи барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт тавачҷӯҳи асосӣ ба андешидани чораҳои муассир баҳри паст кардани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир карда мешавад.               Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро оид ба рушди ҳамкориҳо таъкид намуданд.

Февраль 6, 2009 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад