МУЛОҚОТИ О.ОҚИЛОВ БО ВАЗИРИ ЭРОН
Душанбе, 4 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз бо вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидмасъуди Мирқозимӣ мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Душанбе омадааст. Аз дафтари матбуоти Сардори давлат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки зимни мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои ҳар ду кишвар ва ҳамкории онҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ғайра муҳокима шуданд. Ёдовар мешавем, ки соли 2008 ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Эрон нисбат ба соли 2007 — ум 58,5 фоиз афзуда, маблағи он ба 216,2 миллион доллари ИМА расид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






