МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БО МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕ
Душанбе, 19 феврал. АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз бо муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов мулоқот кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Р.Азимов барои иштирок дар маҷлиси Комиссияи байнидавлатии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Душанбе омадааст. Ҳамзамон дар Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи муқаррар намудан ва қонунӣ гардонидани сарҳади давлатӣ кор мекунад. Дар замина масъалаҳои рушди муносибатҳои хар ду кишвар баррасӣ карда мешаванд. Зимни сӯҳбати сардори давлати Тоҷикистон ва муовини аввали сарвазири Ӯзбекистон ба масъалаҳои беҳтар сохтани муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла, дар масъалаҳои истифодаи захираҳои обу энергетикаи Тоҷикистон, муқаррар намудани хати сарҳади давлатӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ ва ҳамлу нақли трантизии мол диққати асосӣ дода шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






