МУШКИЛОТИ ХОҶАГИҲОИ НОҲИЯИ ТУРСУНЗОДА
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори идораи кишоварзии ноҳияи Турсунзода И. Ҷамоатов, мушкилоти техникии ноҳия дар набудани сӯзишвории дизелӣ ва равғанҳои молиданист. Барои босамар гузаронидани кишти баҳорӣ барои хоҷагиҳо 200 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 10 тонна равғанҳои молиданӣ лозим аст. Хоҷагиҳо бо сабаби надоштани маблағи зарурӣ имконияти саривақт захира кардани сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданиро надоранд.Ба замми ин, нархи сӯзишворӣ нисбат ба моҳи январи соли ҷорӣ дар моҳи феврал ба андозаи 70-80 дирам боло рафт. Агар дар аввали сол нархи як литр сӯзишвории дизелӣ 2 сомонию 10 дирамро ташкил дода бошад, ҳоло нархи як литри он ба 2 сомонию 70-2сомонию 80 дирам боло рафтааст. Захираи сӯзишворӣ дар ноҳия ҳамагӣ 11 тоннаю 400 литрро ташкил медиҳад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






