НАҚШАИ КИШТИ БАҲОРӢ 17,7 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, то 23-юми феврали соли 2009 дар ҷумҳурӣ дар майдони 23 ҳазору 710 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки 17,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин муддат хоҷагиҳои деҳқонӣ майдони 22 ҳазору 376 гектар ғаллаи тирамоҳиро ғизо доданд, ки ин баробари 10,4 фоизи накша мебошад. Нақшаи кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон 38211 гектарро ташкил медиҳад. Айни замон хоҷагиҳои вилоят дар майдони 20 ҳазору 431 гектар кишти баҳорӣ гузаронида, майдони 13376 гектар ғаллаи тирамоҳиро бо озуқа таъмин намудаанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






